Моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ, ки Асламшоев аз рӯи он айбдор мешавад, ҷазо аз ҷаримаи камтарин-250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо(10 ҳазор сомонӣ) то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Моддаи 174 пешбинӣ кардааст, ки иҷро накардани уҳдадорӣ аз сӯи омӯзгор, "агар бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, - бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".
Қазияи латукӯби Муҳаммадҷон Сулаймонов аз сӯи Султоншоев баъди нашри як навори 15 сониягӣ дар интернет вирди забон шуд. Дар навор, ки зоҳиран пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба ба рӯи шогирд шаппотӣ мезанад.
“Малим назанед, туалет рафтем, нарем маллим?”-мегӯяд шогирд, ки боз як зарбаи дигар мехӯрад. Аксарияти корбарони интернет ин амали омӯзгорро маҳкум карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ҷабри устод аз меҳри падар беҳ аст, ҳадду меъёр дар муносибат бо шогирд бояд нигоҳ дошта шавад.