Маҳмадсаид Убайдуллев иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳоро ғайриқаноатбахш хондааст
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 12 октябр аз фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ аз ҷониби аҳли ҷамоатчигии пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст.
Аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба “Озодагон” гуфтанд, дар баробари фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҷаноби Убайдуллев аз риоя нашудани маромномаи сокини пойтахт, қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар Душанбе низ нигаронӣ карда, иброз доштааст, фаъолияти таблиғотии сохторҳои зидахли шаҳрӣ, пеш аз ҳама Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” дар ин самт таҷдиди назарро тақозо менамояд.
Манбаъ мегӯяд, Маҳмадсаи Убайдуллоев роҳбарияти “Телевизиони Пойтахт”-ро муаззаф намуд, бо ташкили заминаҳои моддӣ-техникӣ таҳия ва пахши барномаҳои ҳадафманду пажуҳишии студиявӣ ва мустақими фарогири масоили мубрами ҳаёту хоҷагидории шаҳрро таъмин намояд.
“Маҳмадсаид Убайдуллев иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳоро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, масъулинро вазифадор кард, ҷиҳати ҳалли ин масъала тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати аз байн бурдани тақаллубкорӣ ва муҳосиботи пинҳонӣ дар субъектҳои алоҳида чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро қотеъона татбиқ намуда, шаффофияти фаъолият ва мутобиқати воқеияти рақамҳои омориро таъмин созанд”,-мегӯяд манбаъ.
Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таваҷҷуҳи муовини соҳавияш Шӯҳрат Мақсудзода, раисони ноҳияҳо ва Сарраёсати молияву Раёсати андози шаҳрро ба ҳолати иҷрои нақшаҳои буҷети шаҳр дар соли равон нигаронида, дастур додааст, тамоми потенсиали мавҷуда баҳри таъмини нишондодҳои буҷетӣ ва хароҷоти мақсадноки он равона шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |