Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистон ёриву дастгирии эрониёнро дар бахшҳои гуногуни фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистон фаромўш нахоҳанд кард. Бори дигар ёдовар шудан бамаврид аст, ки баъди ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Тоҷикистон равобити ҳамаҷонибаи миёни давлатҳоямон бештар густариш ёфт. Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки Тоҷикистонро соли 1992 ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
-Тавре огоҳӣ доред, - афзуд раиси Маҷлиси намояндагон, мо дар сафарамон ба Эрон моҳи декабри соли 2010 бо роҳбарияти воломақоми ҷумҳурии исломии Эрон, вазирон, раиси вилояти Хуросон мулоқот доштем ва дар натиҷагирии ин мулоқотҳо таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илму фарҳанг, сармоягузорӣ ва ғайра густариш дода шуда, хусусан ин ҳамкориҳо бо вилояти Хуросон - нуқтаи наздиктарини ҷумҳурии исломии Эрон бо Тоҷикистон ҳар чӣ бештар бояд амалӣ карда шаванд.
Қайд гардид, ки сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон моҳи ноябри соли 2010 ҷиҳати тақвият ёфтани равобити байнипарлумонии миёни ду кишвар нақши муҳим бозид. Дар парлумонҳояи ҳарду кишвар гурўҳҳои дўстӣ ташкил ёфтаанд. Зуҳуров афзуд: «Мо аз ин сафари шумо, Ҷаноби Олӣ, дар раъси як ҳайати бонуфузи ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон дар бахши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ва тавсеъа ёфтани муносиботи иқтисодиву фарҳангӣ пешомадҳои хеле хуберо интизор дорем».
Доктор Алии Лориҷонӣ низ густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин аҳдофи сафари худ ба мамлакати мо арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабӣ байни ду миллати бародари тоҷику эронӣ барои таҳкими чунин ҳамкориҳо заминаи фаровонро фароҳам меорад. Ӯ сафари худ ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Тоҷикистонро сафари рӯъёӣ номида, изҳор дошт, ки барои ман ва ҳайати эронӣ боиси сарфарозӣ аст, ки аз чунин кишвари зебое мисли Тоҷикистон боздид дорем ва мо умедвор ҳастем, ки ин сафар паёмадҳои хубе барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи ҳарду кишвар хоҳад дошт. Алии Лориҷонӣ дар бораи ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ бошад, таъкид намуд, ки ду донишгоҳи ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла донишгоҳҳои «Озод» ва «Паёми нур», ки ба омода кардани мутахассисони соҳаи техника ва технология машғул ҳастанд, омодаанд, ки намояндагиҳои худро дар ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намоянд.
Дар поёни нишаст, Ёддошти тафоҳуми ҳамкории парламентӣ байни Маҷлиси шўрои Исломии ҷумҳурии Исломии Эрон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |