Бахшҳо

Мураххасии прапоршике, ки ҳамлагарон ба ШКД-и Ваҳдатро ақиб гардонд

Прапоршик Фозилҷон Махатов, ки шаби 4 сентябр се тан аз ҳамлаварон ба ШКД-и Ваҳдатро кушта, боқимондаро ба ақибнишинӣ водор кардааст, баъди табобат аз беморхонаи низомии Душанбе мураххас шудааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” имрӯз, 22 сентябр худи Махатов хабар дода, ба далели вазъи саломатияш аз суҳбати бештар худдорӣ кард.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, қаблан аз корнамоии прапоршики милиса -- Фозилҷон Махатов алайҳи ҳамлагарон ба ШКД-и шаҳри Ваҳдат тавсиф намуда, изҳор дошта буд, ки Махатов се тан аз ҳамлагаронро кушта, худаш маҷруҳ шудааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, Фозилҷон Махатов, ки ба ҳайси ёрдамичии сардори қисми навбатдории ШКД-и Ваҳдат фаъолият дорад, соати 2-и шаби 4 сентябр масъулияти навбатдориро дар шӯъба ба уҳда гирифтааст. Тибқи иттилои ВУД баъди соати 4 ҳамлаи мусаллаҳонаи як гуруҳ бо сардории Зиёратдин Абдуллоев ба шӯъбаи милитсия сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, Фозилҷон тибқи талаботи вазъияти фавқуллода амал намуда, бо дигар ҳамкоронаш, алайҳи аъзои саропо мусаллаҳи гуруҳи Абдуллоев муқовимати шадид нишон додаанд. Махатов бо зарбаи тир Абдуллоевро безарар гардондааст.

Худи Фозилҷон Махатов мегӯяд, вақте роҳбари гурӯҳ мусаллаҳ ва чанд ҳаммаслаки ӯро безарар гардонданд, аъзои боқимондаи он бо партоби чанд норинҷак ба дохили бинои шӯъбаи милитсия, роҳи фирорро пеш гирифтаанд.

Фозилҷон Махатов баъди ду соли хизмати ҳарбӣ дар қушунҳои сарҳадии Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар буданд, соли 1997 ба сафи мақомоти умури дохилии кишвар пайвастааст. Ба гуфтаи Махатов солҳои аскарӣ ӯ дар қитъаҳои мушкилгузари сарҳади Тоҷикистону Афғонистон адои хизмат намуда, малакаи ҷангияшро такмил додааст.

Корнамоии Фозилҷон Махатов дар ҳолест, ки дар ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 4 сентябр дар шаҳри Ваҳдат 4 корманди мақомоти умури дохилӣ ҷон дода буданд.
Мӯҳр
ин мардонагии Шуморо нишон медихат шер бачаи точик,,,,,рахбат ба падарат ки чунин фарзанди мардонавор ба дунё овардааст!!!!!маладец

ана ин мардонагии Фозилчон,,,,,рахмат ки моро шумо аз чунин хиёнаткорон химоя намудед агар не онхо сари тамоми миллатро мехурданд......ин кахрамонист,,,,,.бояд тамоми кормандони хифзи хукук чунин мард бошанд,,,!!!!харгиз зиракиву хушёриро аз даст надиханд!!!!!!!!!

сино
Хайр шумо ростгу бошед навори видеоиро гузоред то бубинем.Ҳозир дар ҳама ВКД наворбардори мекунанд ку.Камераҳо дар ҳама ВКД ҳаст.

Хуррам
Офарин. Оиди корнамоии ин корманди милитсисия дар хафтаномаи ВКД "Конун ва чомеа" хонда будам. Зиндагиномаи вай дар хакикат дарси мардонагист.

Зинда бощи бародар ахсан ба мардонагиат. Офарин

Хонанда
Тайёр ШАв Махатов ба ШУмо унвони Лейтинантро насиб мекунанд...........

патриот
Офарин шербачаи точик!!! Мо бо шумобарин фарзандони миллат фахр мекунем.

ахсан тамоми нерухои кудратии кишварамон бояд чунин кахрамонихо бар зиди ин терористони хунхор нишон диханд...

хамин шучоату далерии кормандони мокомотхои хифзи хукук буд, ки терористхои курнамакро несту нобуд кард,

Максад
Ахсан, ба часорат, вале субхи он руздар дар дару девори шуба ягон асари мухорабаро одамо надиданд, ва телевизиони хукумати ягон навор нагирифт он хангом, хеле шубахаовар!!!

офарин бар ту шери нари точик мо аз шумобарин кормандони макомотхои кудрати мефахрем рахмат бар падару модари чунин фарзанд

111
Бо розигии Худо Насибаат буд нашудаст вагарна дар Пентагонхам хизмат мекарди аз дасти и душмано рахои намеёфти

Dar shkd vahdat osori tir vujud nadorad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)