(ВИДЕО) Қаршибоев: Ҳукумат расонаҳои мустақилро ба ҳайси “козлов отпущения” мешиносад
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) душанбеи 21 сентябр аснои суханронӣ дар нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава дар бораи вазъи озодии баён ва дастрасӣ ба иттиллоъ дар Тоҷикистон суҳбат кард.
Ӯ вазъи озодии расонаҳо ва озодии баёнро дар Тоҷикисон мушкил арзёбӣ карда, гуфт, “агар дар ибтидои сол таъсири буҳрони молӣ таҳдид мекард, акнун вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ба озодии баён таъсири манфӣ мерасонад”.
Ҷаноби Қаршибоев дар нишасти Варшава бо ишора ба қазияҳои ахири Тоҷикистон гуфт, “ин ҳаводис вазъиятро дар кишвар тезутунд кард. Ба тарғиботи давлатӣ мусоидат намуда, мунҷар ба истифодаи забони “душманӣ” ва пушиши яктарафаи авзоъ шуд”.
Ба таъкиди Нуриддин Қаршибоев ҳукумати Тоҷикистон расонаҳои мустақилро на ҳамчун “ҳукумати чорум”, балки ба ҳайси “козлов отпущения” мешиносад. Раҳбари НАНСМИТ афзуд, “кодекси ҷиноии Тоҷикисон моддае дорад, ки барои таҳқири намояндаҳои ҳукумат ва раиси ҷумҳур ҷазо пешбинӣ кардааст. Ба ин тартиб, намояндагони ҳукумат аз интиқод ба муҳофизати вижа таъмин мешаванд”.
Ба ҳисоби Қаршибоев, тайи солҳои 2013-2015 теъдоди парвандаҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ бо иштироки рӯзноманигорон ва расонаҳо ба 14 расида, як мавриди таъқиби ҷиноятӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст. Ӯ шикастани почтаҳои электронӣ, сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва гӯш кардани суҳбатҳои телефонии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиву рӯзноманигоронро аз чолишҳои дигари Тоҷикистон ном бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |