Мақомот: ҲНИТ қасди ҳамла ба Кумитаи амният, фурудгоҳ ва телевизион дошт
Мақомоти Тоҷикистон Раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар тарҳрезии ҳамлаҳо ба Кумитаи амният, фурудгоҳ, Шабакаи аввали телевизион ва дигар биноҳои муҳими давлатӣ муттаҳам мекунанд.
Дар гузориши телевизионие, ки мақомот шоми 21 сентябр намоиш доданд, гӯиё зимни бозҷӯии утоқҳои масъулини ҲНИТ, аз ҷумла утоқи ноиби аввали раиси ин ҳизб -- Саидумар Ҳусайнӣ харитаҳои биноҳои муҳими давлатӣ дарёфт шудаанд. Дар гузориш аз ҷумла аксҳои ниҳодҳои давлатӣ, ки аз моҳвора гирифта шуданд, намоиш дода шуд.
Мақомоти Тоҷикистон инчунин матни муроҷиатномаеро нишон доданд, ки дар зераш Раёсати ҲНИТ навишта шудааст. Тибқи ин муроҷиатнома гӯиё раёсати ҲНИТ аз аъзою ҷонибдоронаш талаб кардааст, барои чанд рӯзи дигар сабур бошанд ва баъдан метавонанд ба сафи онҳо алайҳи “режими Раҳмон” пайваст шаванд.
Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр аз боздошти 13 узви раёсати ҲНИТ иттилоъ дода, онҳоро дар ҳамдастӣ бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кард. Аммо бо гузашти 6 рӯз айбномаи расмӣ алайҳи онҳо эълон нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |