Боздошти фурӯшандаи гӯшти ҳиндӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти муштарак бо кормандони мақомоти прокуратура директори 34-солаи ширкати “Инсоф 2010”-ро боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои ВУД, ин соҳибкор дар саркашӣ аз супоридани андозҳо муттаҳам мешавад.
Манбаъ мегӯяд, муайян шудааст, ки раиси “Инсоф-2010” аз якуми январ то моҳи июни соли 2015 тавассути сарҳади гумрукӣ аз Ҳиндустон маҳсулоти гӯштиро ворид намуда, бе пардохти молиёт онро фурӯхтааст. Ба иттилои мақомот, боздоштшуда аз пардохти андозҳо дар ҳаҷми 501 ҳазор сомонӣ саркашӣ намудааст: “Феълан нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |