Бахшҳо
08 сен 2015 17:45Тоҷикистон / Сиёсат

Хотироти Аҳмад Масъуд: Модарам мегуфт ӯ ҳатман шаҳид шудааст

Фардо, 9 сентябр аз террори Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон 14 сол пур мешавад. Ӯ дар соли 2001 мавриди ҳамлаи як гуруҳ, ки дар “либос”-и рӯзноманигорӣ бо ӯ дидор доштанд, кушта шуд. Ҳанӯз асрори террори Аҳмадшоҳи Масъуд, ки бо лақаби “Шери Панҷшер” маъруф аст, кушода нашуда ва рӯшан нест, ҳамла бар ҷони ӯ дар Рӯзи истиқлоли тоҷикон тасодуф буд ё нақшаи тарҳрезишуда. Дар остонаи рӯзи кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд хабаргузории “Форс” қиссаи Аҳмад Масъуд, писари ӯро нашр кардааст.

“Хуб ба ёд дорам, ки 14 сол қабл дар ин рӯзҳо чӣ ҳоле доштем, ҳоло мехоҳам барге аз хотироти хешро ба шумо дар миён бигузорам.

Барге хунину ғамнок, аммо пур аз ишқу исор(фидокорӣ). Чанд рӯзе буд, ки Панҷшер дигар мисли собиқ набуд, ҳаво гирифта ва осмон торик буд, баъзе мегуфтанд ин иттифоқро қаблан надидаанд. Рӯзи қабл аз ҳодиса боду хоку аҷибе ҳама ҷоро фаро гирифта буд ва боис шуда буд 2 рӯз қабл аз шаҳодат ҳама ҷо торик ва берӯҳ гардад, хок гӯё мурда буд, ки бар Панҷшер пошида шуда буд.

Панҷшер пур аз шодиву сурур аст, махсусан дар тобистон, садои кӯдаконе, ки фарёдзада ба сӯи рӯд медаванд, пирамардоне, ки канори ҳам нишаста ва қиссаҳои қадимиро мурур мекунанд.

Заноне, ки озодона даста-даста ин сӯву он сӯ мераванд ва дарахтони сабзу хуррам ва ин дараи зебо пур аз энержӣ ва зиндагӣ, гоҳе рӯи сабзае дароз мекашидам ва чашмҳои хешро мебастам ва ба садоҳои атрофи хеш гӯш мекардам. Парандагон пар мезаданд ва овозхон ба ин сӯву он сӯ мерафтанд. Садои кӯдакони шоду ғамгин бо ҳам ба гӯш мерасид ва садои об, ки оромишбахштарин садое буд, ки мешуд дар он ҳама содоҳо шунид ва инҳо ҳама тобистонро дар Панҷшер ба яке аз беҳтарин фаслҳои ин минтақа табдил мекард, ҳатто дар сахттарин рӯзҳои муқовимат боз ҳам Панҷшер умеде дошту мардумонаш нишоте, ки бовар карданӣ набуд.

Агар ҳамеша хатари ҳамлаи ҳавоии Толибон буд, вале гӯё аслан мардум дар борааш намедонистанд ва на шунида буданд, дар ҳоле, ки борҳо шаҳид дода буданд, вале боз то каме сукут ҳоким мешуд, мардум ба ҳар тараф пароканда мешуданд. Яке дунболи замину дигаре дунболи боғаш, яке бел ба даст дунболи соф кардани ҷӯй ва чанде ба хотири шино ба тарафи дарё медавиданд, дар ҳама ҳол зиндагӣ ҷараён дошт, аммо он сол ин рӯзҳо фарқ дошт, сукути аҷибе бар дара ҳоким шуда буд, садое на аз паранда меомаду на аз мардум, тарсу дилҳираи аҷибе бар ҳама ҳоким буд. Гарду хок ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Офтоб дигар тобон мисли ҳамеша набуд, осмон низ ранг бохта ва берӯҳ ба назар мерасид.

Онон ки синнашон аз мо бештар буд, ҳама мутаффақулқавл буданд, ки то кунун чунин чизе надидаанд, ҳамеша боду хок мешуд, аммо ин, ки барои чанд рӯз идома ёбад ва он гуна дараро бипӯшонад, надида буданд. Чанд рӯз бадин минвол гузашт, то ин, ки рӯзе хабар омад барои наҳор хонаи падарбузургам даъватем, ҳануз аз замони субҳона замони зиёде нагузашта буд, ки ба хонаи онон расидем, модарбузургам бо ханда гуфт, ҳоло куҷо то наҳор? Чӣ қадар зуд омадед! Биёед, биёед.

Ба оддати кӯдакона шурӯъ ба бозӣ кардем ва соъоте ин гуна гузашт то ҳамаро барои наҳор фаро хонданд. Дар ҳоли ғизо хӯрдан будам, қошиқ аз дастам афтод, модарбузургам гуфт, чи шуда? Гуфтам намедонам чӣ иттифоқе барои падарам афтода?

Модарбузургам ҷавоб дод: “Бад ба дилат роҳ надеҳ? Чизе нашуда, Худованд ҳамроҳашон аст, аммо аслан қонеъ намешудам ва ба шиддат ноором будам”.

Пас аз наҳор дубора машғули бозӣ шудем ва чанде нагузашт, ки муҳандис Ашраф, ки пеш аз он Раёсати амнияти Панҷшерро ба уҳда дошт, вориди хонаи падарбузургам шуд ва сӯроғи эшонро гирифт, ба шиддат саросема маълум мешуд, дасти падарбузург ва дойӣ (тағо)-ямро гирифт ва барои суҳбат ба охирин табақаи хона рафтанд ва маълум мешуд чизе шудааст? Ним соате нагузашта буд, ки пойин омаданд ва Ашраф сареъ берун рафт, дойии ман ҳамроҳи падарбузургам вориди хона шуданд, падарбузургамро медидам, ки доим лабони худро дандон мегирифт ва чашмонаш пур аз ашк мешуд.

Дигар медонистам, ки чӣ шуда, аммо (дар) қалби кӯчаки як кӯдак ҳеҷгоҳ тассавури (он) набуд қаҳрамон ва падари хешро бовар намекунад. Чанде гузашт ва ҳама ба гӯшае хазида буданд, ки модарбузургам омад ва ҳамаи моро ба хонаи худамон дар Ҷангалак бурд.
Ҳама чиз тағйир карда буд ва ҳамагӣ чеҳрае мутафовит доштанд, ҳар кас то маро медид ба гӯшае мехазид, ором-ором ба хона рафтем. Дойиамро бо модарам карду гуфт, ки Омирсоҳиб (лақаби Аҳмадшоҳи Масъуд) аз шумо хоста ба Тоҷикистон биравед.
Модарам гуфт: ба ман, ки чизе нагуфт! Мо тоза ба ин хона кӯч кардаем, чигуна ба ин суръат моро хоста? Модарам асабонӣ шуд ва гуфт, телефон биоваред, бо худаш суҳбат кунам, ҳадди ақалл яке 2 рӯз пеш мегуфт, чигуна ба ин суръат омода шавем?

Хулоса ҳар чӣ карданд, модарам қабул накард ва гуфт намешавад, то ин, ки гуфтанд Омирсоҳиб (Аҳмадшоҳи Масъуд) захмӣ шудааст. Сурати рангпарида ва мутааҷиби модарамро ҳанӯз ба ёд дорам, бовараш намешуд, гӯё хоб дидааст, модарбузургам дасташро гирифта ва мегуфт чизе нест, ИншоАллоҳ хуб мешавад, як захми кӯчак аст.
Ҳаргиз ёдам намеравад модарам қабул намекард ва мудом мегуфт ӯ захмӣ намешавад, ҳатман шаҳид шудааст. Хонаи мо қиёмате буд, ҳар кас ба гӯшае машғули розу ниёз ва шуюну гиря буд.

Хонаи мо дигар он сафои қадимиро надошт, садое аз касе баланд намешуд, хоҳаронам гирдогирди модарам нишаставу ором-ором мегиристанд. Таҳаммули дидани ин вазъро надоштам, ба утоқи боло рафтам, то каме аз панҷара ба ситораҳое, ки ҳамеша ба ман оромиш медоданд, нигоҳ кунам, дигар ҳатто ситораҳо ҳам барои хушҳол кардан ва ором сохтани дили ғамдидаи ман кофӣ набуд.

Аз панҷара дидам дойиам (тағоям) Ториқ, ки ҳамеша бо мо буд, даври ҳавз қадам мезанад ва гиря мекунад, каме дуртар дойии дигарам буд, ки ба деворе такя дода буд ва сарашро бо дастонаш пӯшонида буд. То он замон қалбам бовар намекард ва намехост ҳам бовар кунад, ҳанӯз ҳам фикр мекунам шояд ҳамаи инҳо як хоб бошад, ки рӯзе аз он баланд мешавам ва садои меҳрубони падариро мешунам, ки мегӯяд: “Аҳмад буланд шав, вақти намоз аст”.

Намедонам чигуна он шаби сиёҳ саҳар шуд ва бо тулӯи хуршед савори болгард-чархбол шудем ва ба самти Тоҷикистон парвоз кардем. Хеле вақтҳо бо падарам аз Панҷшер то Тоҷикистон мерафтем, агар чӣ гоҳе танҳо низ сафар карда будем, аммо ин бор ҷои ӯ холӣ ва ба шиддат ҳис мешуд, аз ҳар замони дигаре бештар мехостем дар болгард ҳамроҳи мо бошад ва дилдорӣ диҳад, ки ин такон чизе нест.

Ба Тоҷикистон расидем, хонаи мо дар он ҷо аз ҳар ҷои дигар сардтар буд, тамоми нуру баракати хона рафта буд, ҳар чӣ сӯроғи падарро гирифтем, гуфтанд ин ҷо нест, Кӯлоб аст, то он замон фикр мекардем, ки Душанбе, баъд гуфтанд на, дар Кӯлоб аст. Касе орому қарор надошт, ҳар касе дар ғами худ ғарқ буд, модарам мегирист, ба ғайр аз вақте, ки дар намоз меистод. Дуо мекардам, ки ҳамеша намоз бихонад, то шояд гиряҳои ӯ кам шавад, таҳаммули ашкҳои ӯро надоштам ва бароям ғайри қобили таҳаммул буд, махсусан, ки бо гиряҳои эшон хоҳаронам низ давр то даври ӯ нишаставу бо ӯ мегиристанд.

Ҳар рӯз хабаре мерасид, яке мегуфт ҳолаш хуб аст, яке мегуфт чашмонашро боз кард, яке мегуфт имрӯз буланд шуд ва авомири ҷадиде (фармонҳои нав) содир кард, телевизиюни Эрон мегуфт: “Масъуд кушта шудааст”.

Дигар таҳаммули хабареро надоштам, модарам ва модарбузургам дархост карданд, ки бираванду парадарамро бибинанд, дойиам омаду гуфт бузургон мухолифат мекунанд, бояд чанд рӯз сабр кунед. Хуб ба ёд дорам модарбузургам ба шиддат асабонӣ шуд ва билохира маҷбурашон кард, ки шароити дидорро муҳайё кунанд.

Рӯзи мавъуд фаро расид, рӯзе, ки ай кош фаро намерасид. Ману модарам ҳамроҳи падарбузрг ва дойибузургам ба самти Кӯлоб ҳаракат кардем, дар болгард, ки нишаста будем, дойи Рошидуддин маро дар оғӯш гирифт ва достони ҳазрати Муҳаммад(с)-ро бароям гуфт, ин достонро борҳо шунида будам, аммо намедонистам чаро бояд дар чунин шароите барои ман достон бигӯяд.

Бисёр таъкид дошт, ки ҳазрати Муҳаммад(с) ятим буд, ба дунё наёмада буд, ки падарашро аз даст дод ва ҳанӯз кӯдаке беш набуд, ки модараш низ аз дунё рафт, на аз муъҷизае мегуфту на аз ҳикмат, на аз ҷанг ва на аз шамшер, тамоми қисса ҳамин буд, ӯ низ ятим буд.

Билохира, ба фурӯдгоҳи Кӯлоб расидем, болгард ором-ором нишаст, худраве дунболи мо омаду бо он ба самти бемористон ба роҳ уфтодем, эҳсоси аҷибе буд, дилҳои ҳама дар қафаси синаашон набуд, худрав ором аз канори бемористон гузашт, таъаҷҷуб кардем, ки чаро ба самти бемористон намеравад, то дар канори утоқи филизие истод ва гуфтанд ҳанӯз пиёда нашавед(аз мошин нафароед).

Дарҳо боз шуд ва шайъи сафедранге бар рӯи замин гузошта шуд, гуфтанд биёед, рафтем болои сари чизе, ки бар рӯи замин буд ва порчаи сафедранге бар рӯяш гузошта шуда буд, намедонистам чист. Дар умрам чунон чизеро надида будам, падарбузургам гуфт: Аҳмад дасти росташ бишин, ман нишастам ва падарбузургам ором порчаеро канор зад, падарам буд”.
Мӯҳр
Рухад шод бод шери жаен ...... инхел ватан дустонро зиед бигардон.

Тоҷик
Дилам реш-реш мешавад ҳаргоҳ ин қисаро мехонам.

Мустафо
ХУДОВАНД МАСЪУДРО МУБОРИЗИ РОХИ ВАТАН ГАРДОНД.У ДАР БА ДАСТ ОРИИ ВАХДАТИ МИЛЛИ ДАР ТОЧИКИСТОН НИЗ ХАМРОХИ УСТОД РАББОНИ САХМИ АСОСИ ДОШТАНД.РУХАШ ШОД БОД!

Ватандуст
Рухат шоду хонаи охиратат пурнур бод Ахмадшохи Точик. Шери нари Точик. То хануз душман аз ту тарс дорад.

Рухат шоду хонаи охиратад пурнур бод Омин фарзанди фарзонаи милат Падари миллат
ШЕРИ ПАНЧ
ШЕР шахид АХМАДШОХИ МАСЪУД

Гулом
Ба Худо Озодагон дилам ба чунон сухт, ки дигар токати мутолиаи хабархои навро надорам.Фикр кардам, ки хамон кудак худаш бехи гушам бо нолаи зиёд кисса мекунад. Илохо чоят чаннат бошад Шери Худо Ахмадшо

Мустафо
КУШТА ШУДАНИ АХМАДШОХИ МАСЪУД ДАР РУЗИ ИСТИКЛОЛИЯТИ ТОЧИКИСТОН РАМЗИСТ.ЗЕРО ДАР РУЗИ ИСТИКЛОЛИЯТИ КИШВАРЕ КИ ДАР БАДАСТОРИИ ВАХДАТАШ САХМГУЗОР АСТ, АЛБАТТА ТАСОДУФ НЕСТ.БОЗ ДУ РУЗ БАЪД АЗ ИН 11-уми СЕНТЯБР ДАР АМРИКО ЧИ ХОДИСА РУХ ДОД?АЛБАТТА ХАМАИ ИН ТАРХРЕЗИШУДА БУД ВА ТАШАБУСКОРОНИ ОН НИЗ МАЪЛУМ.

Бо овози баланд хондаму дод зада гиристам... Чи киссаи вазнину хузнангезе... Аллох таъоло чоятро чаннат кунад Ахмадщохи Масъуд - кахрамони нотакрори точик!!!!

Шоди
Рухат шоду хонаи охиратат пур нур бошад Худованд.Марди мардон шери майдон буди

па
Худо рахмат кна

Ахмадшохи Масъуд, вокеан, родмардест, ки номи точикро дубора дар тоърих зинда ва ба ёдхо овард. Вай шахсе буд, ки даъвии душманони миллати моро дар мавриди тарсуйи ва нармии точикон тавассути рузгор ва андешааш ботил сохт. Ахмадшохи Масъуд фарде буд, ки аз шамшеру аз калам алам сохт. Ман ва кулли таборам бо ту менозаму мефахрам, ай кахрамони вокеии миллат! Точикон албатта, пайкараи бузурги туро дар шахрхо ва хиёбонхо, кучахо ва манзилхо ва калби хеш бунёд ва хоханд шинонд!

Худо рахматат кунад эй шери х,акик,ии миллати Точ,ик. Бисëр марди хоксору инсондуст буд. Х,ато бо асирх,о мех,рабон буд. Дар ин марди бузург хислатх,ои Паëмбари Бузургвор Мух,аммад С.А.Ва Саллам бараъло дида мешуд . Худо ч,оят ч,аннат бошад Шери Нари Точик!

Самандар
МАГАР МАсъуд дар ТОЧИКИСТОН вафот кардааст? Ягон кас маълумот дошта бошад илтимос нависад.

ЗИНДАВУ JОВИД МОНД ХАРКИ НАКУ НОМ ЗИСТ
КАЗ АКИБАШ ЗИКРИ ХАЙР ЗИНДА КУНАД НОМРО.

ватандуст
ПЕШНИХОДЕ ДОРАМ. ХУБ МЕШУД КИ АГАР АХМАДШОХИ МАСЪУДРО ДАР ВАТАНИ АЧДОДИАШ ТОЧИКИСТОН КАХРАМОНИ ХАЛКИ ТОЧИК ЭЪЛОН МЕКАРДАНД. БОВАР ДОРАМ ИН ПЕШНИХОД АЗ ТАРАФИ ЧАНОБИ ОЛИ ЭМОМАЛИ РАХМОН ВА ПОРЛУМОН БЕ МАМОНИЯТ КАБУЛ МЕГАРДАД. ИН ЯК ТАКОНЕ БАРОИ ВАХДАТИ ТАМОМИ ТОЧИКЗАБОНОНИ ДУНЁ МЕГАРДАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)