Бахшҳо
08 сен 2015 14:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Изҳороти гуруҳи ҷавонон ва омӯзгорони Суғд алайҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим”

Гуруҳе аз ҷавонони вилояти Суғд ва ҳайате аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд бо пахши изҳоротҳои ҷудогона амалҳои Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо “Ҳоҷӣ Ҳалим”, собиқ муовини вазири мудофиаи кишварро маҳкум намуда, аз сокинони кишвар хостаанд, нисбати ин масъала бетараф набошанд.

Мақомот “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро дар созмон додани “дастаи террористӣ” муттаҳам медонад ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ҳамлаҳои бомдоди 4 сентябр дар Ваҳдат ва гардиши фурудгоҳ, ки наздики даҳ кушта бар ҷой гузошт, бо амри ӯ анҷом шудаанд.

Дар муроҷиатномаи гуруҳи ҷавонони Суғд амалҳои Абдуҳалим Назарзода “ноҷавонмардона” унвон шуда, таъкид мегардад, ки онро сахт маҳкум мекунанд: Ҳамдиёрони азизро барои бетараф набудан дар ҷодаи ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва таҳкими якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва мусоидат ба рӯзгори осудаҳолонаи сокинони кишвар даъват менамоем”.

Омӯзгорони ДДХ низ гуфтаанд, “сабақҳои дар муддати чанд даҳсолаи охир гирифтаи мо маълум месозад, ки ҳар нафар ё ҳар гуруҳе, ки дар сарманзили муқаддаси аҷдодӣ, сарзамини бузургони илму адаб, хостгоҳи орифону нобиғагон, ватани ишқу умед ва парвозгоҳи орзую омоли ҳазорон кӯдакону наврасон ва ҷавонони саодатманд даст ба кирдорҳои ғайриинсонӣ мезанад, обу ҳавои онро хираю ғуборолуд месозад, ҷониби ҳаммиллати худ теғ мекашад, ба лаънати халқу ғазаби Худо гирифтор хоҳад шуд”.

Дар ҳар ду изҳорот аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тавсиф шуда, хизматҳои ӯ барои таҳкими сулҳу ваҳдат беназир хонда шудааст. Аз ин пеш Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ ба ин монанд изҳороте нашр карда буд.
Мӯҳр
Њамдиёрони азизу гиромї пинњонї нест, ки имрўзњо мо шањрвандони Тољикистон дар фазои осоиштаи диёр мо бо таъмини пурраи вањдати миллї, истиќлолият, озодї ва дўстию бародарї зери роњбарии хирадмандонаи Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон умр ба сар бурда истодаем. Оре, сад афсус, ки тањти таъсири бевоситаи раванду руйдодњои љањонї ва дохилї аз љумла вусъат гирифтани тањдиди хатарњои нав, аз ќабили ифротгароии динї, терроризм метавонад, ки истиќлолияту, озодї, вањдати миллиамон осеб бинад. Њодисањое, ки ваќтњои охир дар љумњуриамон сар мезанад ба монанди кушторњои берамона ќалобї, нашъамандї, терроризм чанд намуди ифродгарої маънои онро дорад, ки њоло њам мо падару модарон, роњбарони њамаи зинањо, дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияту љавобгариро ба пурраги њис намекунем. Махсусан њодисањои дањшатоваре, ки дар шањри Вањдат ба вуќуъ пайваст мо куњнасолону нафаќахурони ноњияи Шўроободро бетараф гузошта наметавонад ва андуњу њайяљони моро дучанд афзуд.
Аз сањифаи гузаштаи таърих маълум аст, ки ягон халќ ва ягон миллат хиёнат ба Ватан ва ба мардумро набахшидааст. Халќи шарифи Тољикистон њам њељ гоњ ва дар ягон давр хиёнати баъзе гуруњњоро, ки солњои 90-уми асри гузашта Ватани бобоиямонро ба хун оѓушта, дањњо њазор сокинони бегуноњи онро берањмона ба ќатл расонида буданд ва нафароне, ки њоло дар дохили кишварамон ва берун аз он ба ќатли берањмонаи одамон машѓуланд ва шомили гуруњњои террористию ифротгарої мебошанд намебахшад.
Њамаи инро дониста мо куњансолону нафаќахурон, барљомондагони ноњияи Шўрообод ба кулли мардуми шарифи кишвари азизамон Тољикистон сидќан мурољиат мекунем, ки ба бењудагаридии љавонон њељ гоњ имкониат надињед, онњоро њамеша дар майдони назар нигоњ дошта зинњор нагузоред, ки ба гуруњњои террористї, ифротгарої ва тундравї шомил гарданд.

Њамдиёрони азиз!

Ислом ин тарбияи ахлоќии инсонњост, дини мубини ислом инсонњоро бо роњи рост ва аз рафторњои баъди парњез карданро њидоят мекунад.
Лекин баъзан ифротгароён исломро бо тарзи ѓаразнок истифода бурда, ба дини мубини ислом хиёнат ва дар арсаи љањон онро доѓдор мекунанд ва ниёзе ба таъсиси њизбу њаракати дигаре нест. Мардум хуб эњсос мекунанд, ки дар фаъолияти ин њизб нишонањои ангехтани иѓво ва тафриќагузорї миёни одамон ба мушоњида мерасад ва гуё мусалмонон, ки њама дини исломро парастиш мекунанд, бояд пеш аз њама зиракии сиёсиро аз даст надињанд ва њаргиз фирефтаи таблиѓоту аќидањои бебунёди ифротї нашаванд Њатто бонувонеро низ, ки аз оќибати дањшатбори ин фољиа огањ нестанд ба доми фиреби худ меафкананд. Бинобар ин мову шумо модарону њоњарони гиромї вазифадор мешавем, ки барои пойдории сулњу суббот, пешгирї аз љинояткорї ва тарбияи дурусти фарзандон сањми арзандаи худро дареѓ надорем.

Betaraf
Hey mardumi KHUJAND oyo az hamon Hoji Halim pursiden ki baroi chi ba in kor dast zad????? Bad izhorot pakhsh kuned!!!! Shumo chi khel omuzgor hasten ki donishju fikrashro bayon nakarda BAHOGUZORI mekuned???? VOY BAR HOLI DONISHGOH!!!!!!!!!!!!

доро
Ин омузгорону доншчуёни ДДХ магар дарс намехонда бошанд, ки танхо ба сиёсат машгуланд. Умуман, устодони мухтарам, кай шумоён вакт меёбед, ки хам сиёсатба мащгуледу хам вакти дарстаёркуни меёбед? О шумоён аз кучо медонед, ки Халим террорист аст. О вай ягон олами каториро наппарандоаст-ку. Устоду олим шуда наход то хол намеднед, ки киро террорист мегуянд. Устодон, худатон чизеро намедонеду боз донишчуёни бечораро рохгум мезанонед. Монед, ки чавонон дарси химия, физика, математика, биология хонанд. Айбро донед, "устодон"!

Студент
Ба дарсхони ва изхороти донишчуёну устодони ДДХ ягон ангеза дида намешавад. Шарт нест, ки чинояткор ба суи шахси одди ё хифзи хукук тир мекушояд. Вакте, ки дар кучаи калон тир кушода мешавад, ки кафил мегардад, ки танхо кормандони хифзи хукук ба халокат мерасад. Умаман куштор хам дар конунхои амалкунанда ва хам дар китобхои динии мукаддас махкум карда шудааст. Бехтар мешуд, ки хонандагон ба маънии харфхои навиштачотхояшон ахамият медоданд. Аз тарафдории Хочи Халим барин шахсони хоин худдори намуда барои дастгир намудани онхо ба сохторхои кудрати ёрии худро расонанд.

Betaraf
Студент,
STUDENT bkhe ay jot berunbro ki tra meshinosad?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)