Ҷароҳати вазнини Саидшоев-“дастпарварди хориҷӣ” дар амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим
Ҷамолиддин Саидшоев, сокини 44-солаи шаҳри Истаравшан, ки ҳанӯз се соли пеш хабари боздошташ ба иттиҳоми ҷиноятҳои солҳои 90-уми асри гузашта паҳн гардида буд, дар амалиёти мақомот алайҳи гуруҳи мусаллаҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҷароҳати Саидшоев, ки аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ ҳамчун узви ҲНИТ ва узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муаррифӣ мешавад, дар ҳолест, ки расо се сол пеш мақомот аз боздошти ӯ хабар доданд. Тавре мақомоти умури дохилӣ моҳи сентябри соли 2012 хабар доданд, Ҷамолиддин Саидшоев баъди 10 соли фирор боздошт гардид.
Мақомот Саидшоевро дар убури ғайриқонунии марз, таҳсили низомӣ ва омӯзиши кор бо маводи тарканда дар хориҷи кишвар муттаҳам карда буданд ва парванда алайҳи ӯро Сарпрокуратураи ҳарбӣ пеш мебурд. Парванда алайҳи ӯ ва даҳҳо нафари дигар аввали солҳои 2000-ум оғоз шудааст, вале ӯ фирор карда, танҳо соли 2012-ум дар зодгоҳаш боздошт гардид.
Дар ҳоле, ки ҷузъиёти раҳоияш маълум нест, номи ӯ дар пайи “исён”-и Ҳоҷӣ Ҳалим дубора расонаӣ шуд. Тибқи иттилои мақомот Саидшоев бо ҷароҳатҳои вазнин феълан дар боздошт қарор дорад.
Тибқи иттилои ВУД то ҳол ҳудуди 55 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт ва 17 нафар кушта шудаанд. Дар қатори боздоштшудагон собиқ қумандонҳои мухолифин аз ҷумла Муродов Сарабек низ ном бурда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |