Бахшҳо

Чаро имиҷи президентро ба назар намегиранд?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Ифтитоҳи чизе бештар аз як километр роҳ ва он ҳам дар ҳолати камсифат дар шаъни як президент намебошад

Раисиҷумҳур рӯзи гузашта, 6 сентябр ба шаҳри Ваҳдат рафт. Ин ки сафари ӯ баъди ду рӯзи ҳамла ба Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдат ва кушта шудани кормандони пулис сурат гирифту мақомот аз идомаи амалиёт барои хунсо кардани ҳамлаварон гузориш медоданд, мавзӯи ин суҳбат нест.

Дафтари матбуотии президент ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмонро “шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар” гуфт ва гузориш дод, ки “боздид аз шаҳри Ваҳдат бо ифтитоҳи роҳи мошингарди шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, оғоз ёфт”.

Бунёду навсозӣ ва ифтитоҳи роҳҳо ҳамеша кори хуб аст ва ба вижа ҳамин роҳ. Умед мекунем акнун азоби ронандаву мусофироне, ки аз шарқи кишвар ба Душанбе меоянд, камтар мешавад. Ин роҳ тавассути маркази шаҳри Ваҳдат аз кӯчаи Сомониён мегузарад ва ҳаракат дар он то ин вақт яктарафа буд. Мошинҳое, ки аз самти Файзобод меомаданд, бо роҳи кӯчаи Фирдавсии шаҳр мегузаштанд ва дар назди бозор ҳамеша тамбашавии мошинҳо ба амал меомад.

Аммо... Роҳе, ки президент ифтитоҳ кард, ҳамагӣ 1300 метр ё чизе бештар аз як километр тӯл дорад. Ҳамин субҳ бо он роҳ омадем. Роҳе, ки барои корҳои бозсозии он аз буҷети шаҳр 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст, ба роҳе шабоҳат дорад, ки солҳост хизмат мерасонад. Агар хатҳои сафедро, ки напа-наванд ба назар нагирем, ин роҳ ба роҳи бозсозишуда монанд нест. Пасту баландиҳову ноҳамвориҳову...

Ронандаи мошине, ки мусофираш будам, нимшухиву нимҷиддӣ гуфт, шояд онро махсус чунин кардаанд, то ронандаҳо натавонанд суръати мошинро баланд кунанд. Як мусофир гуфт, шояд то омадани президент натавонистаанд онро пурра таъмир созанд ва саросема дар ин ҳолат ифтитоҳаш кардаанд: “Мумкин акнун таъмирро идома бидиҳанд”. Ҳамроҳи дигари мо ҳам ба суҳбатҳо пайвасту бо лабханде изофа кард: “Бале, акнун бояд хитоиҳоро зораву тавалло кунанд, то роҳро ҳамвор кунанд”.

Ба андешаи ман ифтитоҳи як километр роҳ набояд дар шаъни раисиҷумҳур бошад. Чаро мақомотҳои маҳаллӣ ба худ иҷоза медиҳанд, вақти президентро барои корҳое, ки дар сатҳи раиси шаҳр ё муовини ӯ бояд анҷом шавад, сарф кунанд. Ёварони раисиҷумҳур низ бояд дарк намоянд, ки на ҳамаи сеху фабрикачаву иншоотчаҳое, ки дар ин ё он шаҳру ноҳия бунёд шудааст, лоиқи онро дорад, ки лентаашро сарвари давлат бибурад. Раҳбарони шаҳру навоҳӣ бо ин кор шояд нишон додан мехоҳанд, ки онҳо кор мекунанд, аммо ёварони президент низ бояд кор кунанд. Ифтитоҳи роҳчаҳо ва боз бо сифате, ки таъриф шуд, на танҳо бар обрӯи ӯ намеафзояд, балки имиҷашро хатчадор мекунад. Ба ҳамин монанд, корхонаҳое, ки танҳо рӯзи ташрифи раисиҷумҳур фаъол мешаванду тамом...

Дар шарҳи ифтитоҳи ин роҳ дар торнамои расмии президент гуфта мешавад, “инак, навсозии роҳу кӯчаҳои ҳудуди шаҳр ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани онҳо боиси куллан беҳтар шудани рафтуомади сокинони шаҳри Ваҳдат ба пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мегардад”. Агар аз масъуле бипурсед шояд мегӯяд, масири мазкур мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд шудааст.

Бидуни шак, чандин нафар дар шарҳҳои худ маро дар он муттаҳам хоҳанд кард, ки пешравиҳоро нодида мегираду ҳамеша кораш танқид аст. Шояд, дар шукрона накардан ҳам айбдорам кунанд. Аз ҳамаи ин афрод танҳо як хоҳиш дорам. Лутфан ҳамагӣ як бор он 1300 метр роҳро бубинед. Аз назди маркази тиҷоратии “Садбарг”-и Душанбе таксиҳо бар ивази 5 сомонӣ шуморо онҷо мерасонанд. Рафта хуб мушоҳида кунеду биёед ва маро ба ношукрбандаӣ муттаҳам созед. Роҳатон сафед!
Мӯҳр
Душанбеги
Хой, Абдулазиз аз дасти худат хок намеояд, танхо камбудии дигаронро мечуи. Созанд насозанд максади Шумоборин намедидагихо яктост. Якбор шукр гуед...........

Абдулазизи ВОСЕЪ Шумо рузноманигоро кори дигар надоред факат танкит уруз яктои дигараш нависондаст Президент меояд дарахтонро сафед кунед охир як мавзура пайгири кунед,ки дар чомеа ягон фоида доштабоша майнаи сарат гич мешава дар хамин маколахои шумо Абдулазизчон факат дили мардума аз хукумат хунук карданиен шумо ман намедонам хочагони шумо кист ами шумо чи кор кардаед дар чомеа як сагерара нон додаед инкадар баланд гап мезанед Озодагон чоп кун

Шахрванд
Салом ба хама. Ман хамчун шахрванд чунин гуфтаниам, ки барои сарфи маблаги Бучет ба ин ё он иншооти ёрирасон ахамияти чиди диханд, Точикистон хело обод мешавад, агар он масъуле, ки ба ин корхо вобастаги дорад ба кавлеки ин ё он кисса накунад ва он хонаю он мошинхои 20 хазор $-ра аз кучост, агар хамин корро ягон сохибкор аз киссаи Худаш кунад ва назораташа Худаш кунад мислии оина менамояд, чунки назорати чидди буд. Аз давлат Хохиш мекунам ки ягон сохтори махсус ташкил кунад факат ЧИДДИ кор кунанд, барои назорати чуунин иншоотхои ёрирасон.

Колхозчи
Имидж - яъне ки обру. Ое президент миени халк обру дорад? Агар фарзандонро сохиби касрхои чандмлндоллара кардан бошад, розиям, президенти мо дар чахон обруи N1 дорад. Аммо як нукта хаст: обруро, мисли ишк ва хурмат тахмил намекунанд. Вакте ки ман дар хонаи ичора мешинаму фарзандам барои китоби дарси бояд худаш пул кор кунад, ояд ман чунин президентро хурмат хохам кард??? Озодагон! Ба калам касаматон медихам, чоп кунед

нисо
факат камбудиро мечуед ак. Абдулазиз шукри неъмат нематат зиёд кунад...

Вазир
Душанбеги,
Офарин ба Ҷаноби олӣ. Намегузорад, ки мо ба ягон кор даст занем. Ҳама корҳоро, ҳатто ифтитоҳи магазинро ҳам худаш анҷом медиҳад

шахрванд
Ман хам сахт зик мешавам, вакте ки хамин корхора мебинам ..наход дигар кор надорем ..

diplomat
Колхозчи, ту нони хурдан надорию кудаконат китобу дафтар надорад президент гунахгор аст? ту камбагал боши бо чи интернетба баромади? хамонхоро фуруш сару либос ва ручкаву калам хар ба корхои давлати дахолат накун хама худаша наъл кард......

ЭЭЭ НЕКЕМ ШМОРАМ ХАМИ ВАХДАТА ДИДА НАТОНИСТЕНДА. ГИЧОИ БРИ ВАХДАТ ИХИЛ МАРДМШ ИХЕЛ РАХШ ИХЕЛ ХОНАШОН ИХЕЛ ВАХДАТ ГЛАВНИ РАХАЙ ИСУ ТО ЧИРГАТОЛ ИСУ ТО КУЛОБ БО ЧИ МЕФОРАТОН. ШУКР КНЕН ХАМЕИКАРАМ МЕКНЕМ.ОЗОДАГОН ЧОПШ КН

сагерапараст
Салом алекум ба мардуми мехнаткаши точик илтимос биед ба системаи давлатдори дахолат накунем илтимос бародар Абдулазиз максади гаразатро партоед мараки хуб мешави агар не чоят занакои лаби обай як хел точики мора садкаи тенчи сери кунад ба монанди Хочи халим ними Точикистона хусуси кардам боз такрор хам шавад ба Хукумат шухи накунед дигар хукумати солхои 1992 ум нест гунох карди бояд чавоб гуед вакти як тири нохалаф сар мети фикри худата кун курнамак мухтарам Чаноби Олли ин хел зотхоро бо ахлу авлодаш бадарга кунед илтимос мо мардуми одди тарафдори сулхем шукронаи худовандро мекунем нимта нон рохати чон мехнати халол саломат бошед

рахим
Дипломат. Хамин призидетат хам колхозчи буд агар даред дошта боши .ин колхозчи хам хак дорад чунки шахрванди тачикистон аст

Бовар кунед ин бародари рузноманигор чони гапа гуфтааст. Ман низ чунин мехисобидам, ки призидент дигар кор надорад, ки хар як чизро у лентаашро бибурад? Богча бо пули сохибкор сохта шавад призидент чи лентаи уро мебурад?

чавоб ба ношукр
абдулазизи ношукр, х,ай ношукр будаи да.
о ин хама бахона аст, Президент ки омад як чо обод мешавад. ту ба километри роху дарозии он чи кор дори муттахам. Як бор аз мардуми Файзобду Вахдат ва онхое, ки аз болотар ба пойтахт меоянд, азоби пеши бозори марказии Вахдатро намепурси. Бигзор як вачаб рох бошад, кадамаш нек аст, Президент доим бо халк аст, баъд як бародар бисер хуб навищтааст, ки мегуи ичоранишинаму кудакам каламу дафтар надорад, кор кун зиндагита бехтар кун,ки туро манъ кардааст, агар камтар харакат куни зиндаги хуб мешавад, лекин ту баринхо факат айб мекобед, аз зери нохун чирк мекобед. Худованд давлати моро пойянда дорад, биед сари дигар чиз андеша кунем... Президент худаш медонад чи кор кунаду кучо равад, рафт обод мешавад, Иншооллох. Худованд хам фармудааст, ки эй бандаи ман аз ту харакат аз ман баракат, ту кор накуни о дигарон нона хоида дар даханат монанд. НОШУКРИ НАКУНЕДДДДД

Нависанда
Маладес акаи Журналист Худо марохам мисли шумо як рузноманигори тенч кна то ростша ва бо далели конекнанда бгумммм

Абдулазизи Восеъ рох 1 км аст ё зиёда аз он аст, раиси чумхур хак дорад, дар кушодашавии он иштирок кунад. Ту гайр аз хамин журналистият ба мардум чи хизмат кардаи? хабар расонидаи, хуб, чи фоида гирифти? Ба манфиати русхо кор мекуниву парвои мардум надори. бирав ба хаму озодагони русхоят водка бинуш....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)