Бахшҳо

Бӯҳрони идеологӣ

Азизи НАҚИБЗОД

Ҳамин идеологҳое, ки аз сулҳу ваҳдат ҳарф мезаданду мардумро ба ягонагӣ даъват менамуданд, оҳиста-оҳиста мардуми кишварро вобаста ба ақида ва ҳатто имрӯз аз рӯи зоҳир ба гӯрӯҳҳо доранд қисмат мекунанд.

Ин ки гуфтанду мегӯянд замони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз айёми Шӯравӣ бештар рушд карда, борҳо шунидаем. Ҳатто ин суханонро академикҳои тоҷик ҳам боре гуфтанд. Аммо ин ҳарфҳое буд, бидуни арқоми мушаххас ва далелҳои ҷиддӣ. Дар асл ҳама медонанд, ки таи ду даҳсола дар ҳич бахше мо ба сатҳи замони Шӯравӣ нарасидаем. Онҳое ки ба андешаи мо зид ҳастанд, лутфан як бор ба сатҳи истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзии охири солҳои 80 назар андозанд ва далелу арқоми ун замонро ба ин рӯзгор қиёс намоянд. Дигар дақиқан муқоисанашаванда будани оморро дарк хоҳанд кард. Ба замми ин вазъи буҳронии кунунии кишвар бори дигар тасдиқ намуд, ки иқтисоди ҷумҳурӣ бар болои маблағҳои муҳоҷирон истода буда ва ҳоло ки Русия гирифтори буҳрон шуд, Тоҷикистон ҳам ба гирдоби бӯҳрон ғарқ гардид.

Аммо дар ин хусус инҷо иктифо мекунем. Аз хусуси идеология ва идеологҳои ҳукумати Тоҷикстон ҳарф мезанем. Идеологҳои ҳукумат солҳои охир кӯшиш ба харҷ доданд, ки чеҳраи ҲНИТ ва аъзоёни ин ҳизбро ба мардум мағшуш нишон диҳанд. Кор то ҷое расид, ки Вазорати адлия фаъолияти ин ҳизбро ғайриқонунӣ эълон намояд ва мақомот ба дари қароргоҳаш қуфл зананд. Ва дур нест рӯзе, ки Суди олӣ ҳам фаъолияти ҳизби номбурдаро мамнуъ эълон кунад. Ва ҳоло мақолаҳое ҳам дар расонаҳои ҳукуматӣ нашр мешаванд, ки аз фаъолияти комунистон интиқод менамоянд. Дигар аз рӯи воқеиятҳои Тоҷикистон таҳлил намоед, маълум аст, ки пас аз ҲНИТ навбати ҲКТ хоҳад расид.

Аммо онҳое, ки аз сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон тавсиф мекунанд, чун далеле барои аз пешрафтҳои иқтисодӣ дар ин замон гуфтан наметавонанд, ҳамеша аз он гуфтаанду мегӯянд, ки Раҳмон бо мухолифон сулҳ кард. Миллатро сарҷамъ намуд ва ба ваҳдат расонд. Ва ваҷҳи Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони олии Қаҳрамони миллат сазовор донистан ва сарафроз намуданашон ҳам ҳамин буд.

Воқеан ҳам агар таърихи дирӯзаро фаромуш накардаем, пас аз созишномаи сулҳ фазои Тоҷикистон ба самти мусбат тағйир карда буд. Дар ҳақиқат мардум ба ҳам меомаданд. Миллати тоҷик ягонагиро бар парокандагӣ тарҷеҳ медод. Ва дар асл ҳам барои ҳар як шаҳрванд аз оромию осудагии кишвар болотар орзуе вуҷуд дошта наметавонад. Аммо, ҳамин идеологҳое, ки аз сулҳу ваҳдат ҳарф мезаданду мардумро ба ягонагӣ даъват менамуданд, оҳиста-оҳиста мардуми кишварро вобаста ба ақида ва ҳатто имрӯз аз рӯи зоҳир ба гӯрӯҳҳо доранд қисмат мекунанд.

Воқеият ин аст, ки имрӯз Муҳиддин Кабирӣ раис ва лидери ҲНИТ гуреза аст. Ва маълум нест, ки чи қадар аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб дар натиҷаи фишор дар оянда гуреза хоҳанд шуд. Ман дар дарки мантиқи иқдомоти ахири ҳукмат ва иделогҳояш мушкил мекашам. Агар ин иқдомро амале дуруст шуморем, ҳарфи ваҳдат чӣ мешавад? Агар онҳоро ба рӯзе расонем, ки гуреза бишаванд, гурезаҳоро ба Ватан баргардондани Раҳмон, ки далеле барои қаҳрамонияш мешуморанд, куҷо хоҳад шуд? Агар комунистонро низ ба танг орем, чӣ?

Магар намегуфтем, ки ҳамаи мо як миллатем ва зодаи як кишварем ва ҳама ҳаққи зиндагӣ кардан дар ин марзу бумро баробар дорем?
Воқеан қобили дарк нест, ки аз ин иқдомоти ваҳдатзудо идеологҳои ҳукумат чиро мехоҳанд ба даст оранд? Чун натиҷаҳои эҳтимолиаш халалдор сохтани ваҳдати миллат ва ба шубҳа бурдани қаҳрамонии раисиҷумҳур метавонад бошад.

Бознашр аз ҳафтаномаи “Озодагон”, №34 (390) 02 сентябри 2015
Мӯҳр
Ман нафаҳмидам, ки чи навишт ин бародар. Парешон навиштааст ва худаш ҳам намедонад ки чи мехоҳад бигуяд. Ба фикрам мехост бигуяд ки хнитро набандед, аммо гуфта натавонистааст

Оптимист
Бозгашт ба асли хеш гуфтаанд. Баъзе инсонхо дар умри худ зохиран як коре мекунанд ва бо он кор ифтихор доранд, вале ин кор барои Худо ва аз сидки дил нест, балки ба хотири намоиши ва сиёсати руз аст. Сулхи точикон бо пофишории Афгонистон. Эрон ва Россия ба даст омада буд ва хукумат факат роли бозигарро анчом медод. Дар ин сулх кахрамон чустан хатост. Вазъи имруза баёнгари вокеияти хол аст. Аввал хама чиз ба асли худ бармегардад мардум чехраи аслии даъвогарони сулхро мешиносад дуругхояшон, демократиягуихояшон фош мешавад, баъд поёни корашон фаро мерасад....

Акаи Азиз бехтарин макола навиштаи мо хамма барои ин ватан фарзандем бояд баробар зиндаги кунем чи агар дар хизби дигар боши барои ту дар ватан чой нест магар ин ватан танхо барои аъзои хизби халки демократист? Ман аслан аъзои ягон хизб нестам ва намехохам дар ягон хизб аъзо бошам аммо барои ин ватан чонфидо мекунам Ман шахсан фикр мекунам точики ватандустдор на он аст ки аъзои ягон хизб бошад мухим он аст ки барои ин ватан хамчун Точик хизмат кунад.имруз бо фикри як гурух точикбадбинон бингаред точикони асилро зери фишор ба махкамахо мекашанд ё мисоли дигар впйрон кардани масчидхо баркандани гумбазхои масчидхо инро хамон кавне ки дар як замон таърихи миллати точикро дуздиданд Рудакиро кур кардан шахрхои таърихиву ватани аслии точиконро бо зури забт карданд имрузхо боз мехоханд боз точикро фиреб дода гумбазхоро баркананд ва гуе гумбаз моли мо точикон набошад баъзан кундфахмхои мо бошанд ба онхо бовар карда гумбазхоро мекананд точикони асилро махбаси мекунанд моро бо акидахои бегонаи хизбу харакатхо чудо карда байни худ чанг меандозанд. Бародарони азиз биеед ба ин хама нукта гузорем барои ин ватан бо як акида барои пешравияш тайер шавем ва ьегонаро аз худи чудо кунем. Агар ба иззати нафси касе расид узр Точикон ба пеш.

Қанд зан марди ҷасуру бофаҳм. Суханро пурра бо тамоми далелҳояш гуфти

Зоир
Суханони чидди,АММО ягон акси чиддитар набуд?

ака, на идеолог дорему на академик. и хамаш лахзахои ногувор. факат халки мехнаткаши ки дар Руссия кор ба сар мебарад, аз сумми хаму буччааа, дорем.

Худованд нигахбонат хеле марди ватандуст буди милатро дуст медори агар хама монанди ту анахаминхел хакикат гуй шавад точикистони азиз гул гул мешукуфад.рахмат бар падарат.

Озод
Шумо ба фаъолияти худ чунон мардумро мазхаби кардед, ки ба чуз аз идеалогияи дииш чизеро кабул надоранд. Ин рафторхои хукумат мубориза бар натичаи фаъолияти шумост.

Мох
Бехтарин андеша. Озагон метавоед дар бораи муаллифи ин матлаб маълумот пешнихрд кунед?

Сабир
Настоящий мужик!

хакгу
"Аз руи зохир" гуфтанат чи маъно дорад? Ё точик набудани туро намуди зохирият мунъакис кардааст, барои хамин чунин менависи? Азиз ин гапхои кучагии туро ки ахамият медихад!

Хонанда
Одатан хамаи маколахои Азизи Накибзод бамавриданд! Гох-гох менависад, аммо хонданибоб менависад! Зинда бошед бародар!

хонанда
дар давраи шурави чи бд? ктаришои млохо хато дар хонашон намоз хонданда метарсидан, холи барои ришу сала ва чанду чигели чугиги пушидан даъво мекунан, якбор масква рафтаи? вакте хрокои чансола дар халаделник мондагира шумо истеъмол мекаден , дар масква каёнот офаридан, ба тилохои чаъм овардаи шохони бемагзи мо якбор таъриха гир хушру варак зан китоби( Перви Поезд )бад гапзан. дар ягон дасгох шуморо хато рах намедодан Точикора бесавод мегуфтан дар даст гохо факат Хучандихо буд. неки каншона занан дистивитлна халки бахил нест, ишон ишона паст намезадан дунёра хранам забоношон пушидааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)