24 ҳазор ҷаримаи Лутфия Раҷабова - ронандаи “Хундай-Старекс”
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Раҷабова Лутфия Абдуалимовнаро барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳудуди 24 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, Лутфия Раҷабова - ронандаи “Хундай-Старекс” аз моҳи феврали соли 2014 то ҳол 87 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз кардааст, ки аз сӯи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд.
“Оид ба 87 далели қоидавайронкуниҳои Раҷабова ҳангоми ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст”,-афзудааст манбаъ.
Дафтари матбуоти ВУД таъкид кардааст, Лутфия Раҷабова маблағи ҷаримаи 87 ҳолати қоидавайронкунии худ, ки 23 ҳазору 890 сомониро ташкил медиҳад, тавассути бонки “Амонатбонк” ба буҷаи давлат интиқол дода, ҷаримаи 6 ҳолати дигар ҳанӯз пардохт нашудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |