Озода Раҳмон бо ордени Шараф қадрдонӣ шуд
Озода Раҳмон, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ордени Шараф дараҷаи як қадрдонӣ шудааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раисиҷумҳур ба “Озодагон” иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ордени Шараф дараҷаи як ба Озода Раҳмон аснои як маросим аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон супурда шудааст. Дафтари матбуотии президент мегӯяд, дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба гуруҳи калони кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд.
Озода Раҳмон, духтари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 3 январи соли 1978 ба дунё омадааст. Ӯ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, рутбаи дипломатии Сафири фавқулода ва мухтор дорад.
Озода Раҳмон соли 2000-ум Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2006 Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА (бахши забономӯзӣ)-ро хатм кардааст.
Солҳои 2005-2007 – атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Тоҷикистон дар Амрико буд. Солҳои 2007-2009 ба ҳайси сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор карда, тайи солҳои 2009-2014 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Аз 15 майи соли 2014 дар курсии муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ нишастааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |