Тайи 9 моҳи ахири соли равон ҳаҷми содирот дар Тоҷикистон 951,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17 % афзоиш ёфтааст.
Бино ба иттилои Бонки миллӣ, тӯли ин муддат ҳаҷми воридот ба 2326,9 миллион долари ИМА расидааст, ки дар муқоиса ба соли 2010-ум 27,8% зиёд шудааст. Чанд тан аз коршиносони масоили иқтисодӣ дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» иброз намуданд, ки чунин номувозинатии ҳаҷми содироту воридот барои Тоҷикистон манфӣ буда, дар ҳалли ин пеш аз ҳама дар дохили кишвар ташкили корхонаҳои тавлидотӣ лозим аст. Ба боварии ин гурӯҳи соҳибназарон, низоми сангини андозбандии кишвар, сабаби рушд накардани соҳаи истеҳсолот мебошад, ки ҳоло 40% соҳибкорони ботаҷриба дар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд.
Ба қавли иддае аз коршиносон, агар ин гурӯҳи соҳибкорон дар дохили Тоҷикистон истеҳсолоташонро ба роҳ монананд, ҳаҷми содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар афзоиш ёфта, боиси рушди соҳаҳои мухталифи кишвар хоҳад шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр