Фестивали ош: Аз сатркашии хонумон то талош барои як кафгир ош
Нилуфари КАРИМ
Хонандаи ин сатрҳо огоҳӣ дорад, ки 22 август дар “Боғи дӯстии халқҳо”-и шаҳри Душанбе бо ширкати 32 шаҳру ноҳияи кишвар даври ниҳойии ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии “Оши палов” баргузор шуд. Ба хотири пушиши хабарии ин маърака ба макони баргузории он ҳозир шудем. Чанд мушоҳидае ҳаст, ки натавонистам, зикрашон накунам.
Дар даромадгоҳи боғ кормандони милиса занҳои сатрпӯш ва мардони ришдорро иҷозаи вуруд намедоданд. Садои маъмури пулисе ба гӯшам расид, ки мегуфт, “ин чорабинии давлатӣ аст”. Яъне, дар чорабинии давлатӣ бо сатру риш ҳузур доштан мумкин набудааст. Мардони ришдор зиёд эътироз накарда, аз воридшавӣ ба боғ худдорӣ менамуданд. Аммо аксари занҳоро дидам, ки каме дуртар рафтаву сатрҳоро бо рӯймолҳои кутоҳ иваз ва иҷозати дохилшавиро дарёфт мекарданд. Намедонам, дидани маҳфили ош ё ҳаваси чашидани он ин хонумҳоро ба чунин амал водор мекард...
Макони баргузории фестивалро намешавад, идеалӣ гуфт. Чангу хок ва гармии шадид баъзе меҳмонони хориҷиро маҷбур месохт, “чапасар” бигарданд. “Тут не чего интиресного, так жарко” ҷумлае буд, ки на як бору ду бор шунидам. Магар имкон надошт, ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт гузаронда шавад?
Вақте иштирокчиён ба саҳна бо ошҳои худ ҳозир мешуданд, ровиёни маҳфил чанд маротиба ҳайати комиссияро даъват мекарданд. Ҳайати комиссия бошад, бо гузашти муҳлати тӯлонӣ ҳозир мешуд.
Ҳоло аз чангу хок бигзарему сари табақи ош биравем. Баъди сурудхониву рақсу пойкӯбӣ, ки хоси фестивалҳои мо аст, сари дегҳои ош “ҷанг” хест. Ҳар ки мехост ош бихурад ё ош бибарад. Занҳоеро дидам, ки бо карсонҳо ба хонаашон ош бурдан мехостанд. Ҷавонҳое бо дастони урёну бидуни дастпушу кафгир ошро аз дегҳо ба табақҳо мегирифтанд. Аммо бо ин ҳама аҷобати ин саҳна поён наёфт. Ҷавононе барои ҳифзи табақи ош, дохили он туф карданд. Табиист, ин ҳолат сабаби аз ош даст кашидани аксарият мешаваду он ҷавонон “боҳузур” онро нуши ҷон мекунанд.
Хулосаи ман ин буд, ки барои бештари мардуми ҷамъомада на таърихи ошу навъҳои он ва на тарзи омода кардани ин таъом муҳим набуд. Барои онҳо ҳарчи зудтар ва бо кадом роҳе набошад сер кардани ишкам буд. Фикр кардам, беҳтар набуд, ки баъди аз сӯи ҳакамон баҳогузорӣ шудан, дегҳои ош ба хонаи ятимону бепарасторон бурда мешуд? Ё ақалан ҳар ноҳия дар ҳамин ид як ҷуфт ҷавонро бо ҳам хонадор мекард.
Дар ду кишваре, ки солҳои охир зиндангӣ кардам, мушоҳида намудам, вақте оши бепул медоданд, мардум навбат меистод. Касе бо касе ҷанг намешуд ва касе барои оши бештар талош намекард.
Ва дар охир. Ҳадафи ҳукуматро дар бораи ба “Юнеско” дохил кардани ош ва рақобаташ дар ин замина бо Узбакистон мефаҳмем, аммо дар шароите, ки ҷаҳон дар гирдоби буҳрони молиявист, бояд ҳар амал ва иқдом хуб таҳлил ва санҷида шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |