Муҷозоти бозигарони “Хайр”-у Хуҷанд аз сӯи Кумитаи ахлоқи ФФТ
Кумитаи одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон чанд бозигари дастаҳои “Хайр” ва “Хуҷанд”-ро бинобар сабаби вайрон кардани қоидаҳои бозӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон муҷозот кардааст.
Бино ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин ниҳод бозигари дастаи “Хуҷанд” -- Сафаралӣ Каримовро барои занозанӣ бо ҳариф 1000 сомонӣ ҷарима ва аз ҳаққи иштирок дар 3 бозӣ маҳрум кардааст. Бозигари дастаи “Хайр” Меҳроҷиддин Музаффаров низ бо ҳамин ҷурм 1000 сомонӣ ҷарима ва аз ҳаққи иштирок дар се бозӣ маҳрум шудааст. Музаффров инчунин барои дар давоми чемпионат бори шашум бо корти зард огоҳонида шудан, 200 сомонӣ ҷарима ва аз ҳуқуқи иштирок дар як бозии дигар маҳрум гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, бозигарони дигари “Хайр” -- Фазлиддин Сафаров барои бо даст ба рӯи ҳариф задан, дар дидор бо “Хуҷанд” аз ҳуқуқи иштирок дар се бозии навбатӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима ва Шарафҷон Солеҳов барои таҳқири сардовар аз ҳуқуқи иштирок дар се бозӣ маҳрум шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |