Иршод СУЛАЙМОНӢ
Акнун бо 29 сол зиндону 34 миллиюн сомонӣ ҷаримаву мусоидира шудани молу амволи Зайд Саидов 11-уми август рӯзе самбулӣ хоҳад буд, зеро соли 2006 дар ин рӯз Ғаффор Мирзоев, яке дигар аз чеҳраҳои пурнуфузи Тоҷикистон ба ҳабс маҳкум шуд. Миёни ин ду парванда ва ҳукум, албатта ба ҷуз тасодуфи рӯзи судури ҳукм дигар кадом пайванди мантиқие нест. Вале ҳамоно ин рӯз самбулӣ хоҳад буд.
11-уми августи имсол аз замони ба ҳабс гирифтан (6-уми августи 2004) ва судури ҳукми абад барои Ғаффор Мирзоев (11-уми августи 2006) 11 сол сипарӣ мешавад. Ғаффор Мирзоев субҳи 6 августи соли 2004 замоне ба коргоҳ ворид мешуд, ки атрофи сохтмони Ожонси мубориза алайҳи маводи мухаддирро неруҳои ОМОН-и ВКД таҳти контрол доштанд ва вақте афсари навбатдоро вазъро ба генерал гузориш медод, “омони”-ҳо ӯро бисёр зуд печондаву дастоншро ба пушт занҷир заданду дар даҳонаш “искоч” задаву ба мошин бор карданду бурданд.
Зайд Саидов ҳам вақте аз сафар бармегашт аз фурудгоҳ ба Ожонисии мубориза алайҳи фасод бурда шуд. Гуфта буданд, ки барои суҳбат, вале суҳбат бисёр тӯлонӣ шуд, 29 сол.
Ғаффор Мирзоев як замоне зимни мусоҳиба дар мавриди боздошт ва сарнавишти Ёқуб Салимов, шахсияти калидии дигар аз тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гуфта буд: “Дар давру бари Ёқуб инсонҳое буданд, ки шахсияти ӯро истифода карда, ҷиноят содир намуданд. Вале худи ӯ, ман фикр мекунам ҳеч вақт наметавонист алайҳи миллати худ биравад. Мутаассифона, Ёқуб баъди ин гуна ҳаводис ҳеч талоше накард, ки бегуноҳии худро собит кунад, ҳарчанд ман ба ӯ машвара дода будам”.
Аммо сарнавишти худи ӯ ҳам ин шуд, ки имкон наёфт бегуноҳии худро исбот кунад, ҳарчанд баъди барканорияш аз мансаби қумандони Гвардияи президентӣ зимни як мусоҳиба бо “Рӯзи нав” гуфта буд, “мо дигар ба даст силоҳ намегирем, алайҳи мардуми худ барнамехезам”.
Зайд Саидов ҳам замоне ки дар Порис қарор дошт аз Душанбе машварташ медоданд, ки барнагардад. Вале ба расонаҳо гуфт, ӯ гуноҳе накардааст, ки барнагардад ва меояду бегуноҳии худро собит мекунад, аммо мисле, ки дида шуд фурсат наёфт, ки бегуноҳ будани худро нишон диҳад.
Ғаффор Мирзоев дар судури 112 ҷиноят бар асоси 34 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, бо мусодираи молу амвол ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Зайд Саидов танҳо дар доираи парвандаҳои наваш дар содири ҷиноятҳое гуногуне бар асоси моддаҳои 245, 262, 292, 314, 340 гунаҳкор ва маҳкум шуд. Бар асоси парвандаҳои пешин Зайд Саидов ба 26 сол зиндон ва молу мулкаш мусодира шуда буд.
Нуқтаи утф ва пайванд дар ин ду ҳукме, ки ҳарду дар сани 11-уми август содир шудаанд ва ҳукми хос гуфта мешаванд, як чиз аст. Ҳар ду ҳам худро бегуноҳ медонистанд. Ҳатто банда дар яке аз мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов иштирок доштам, ки комилан худро бегуноҳ медонист ва тамоми айбдоркуниҳоро сохтаву бофтаи тафтишот мегуфт. Вале бо вуҷуд яке ба ҳабси абаду мусодираи молу мулк бар нафъи давлат ва дигаре ба 29 сол зиндону 34 милюн ҷаримаву мусодираи молу амволаш бар нафъи давлат равонаи маҳбас шуданд.
Ин додрас аст, ки бо ба назар гирифтани қонун, адолат, арзишҳои инсонӣ ва ҷаҳонӣ, имону мусалмонӣ ва дониш ва таҷрибаҳо ҳукм содир мекунад, вале бояд дар ҳар ҳукм ҷомеа ва мардум қаноат дода шаванд, ки чаро чунин ҳукм? Дар ғайри сурат мардум ба адолати иҷтимоӣ бо шубҳа менигаранд ё ба қавли шаҳиди истиқлол ва озодӣ -- Аҳмадшоҳи Масъуд: “Аз назари мо, ваҳдати миллӣ, дар таъмини адолати иҷтимоӣ нуҳуфта аст”.
Ин ду маҳкуми 11-уми август, ки иддао доштанд бегуноҳии худро собит мекунанду натавонистанд, акнун ба умеди Худову расидани вақтанд!
Вале Зайд Саидов аз шеваи баррасии парвандаҳои наваш умедвор буд ва ба банда, ки дар яке аз мурофиаҳо иштирок карда будам, гуфта буд, “намедонам чаро, вале умедворам ин парвандаҳо мунсифона барассӣ мешаванд”. Ҳоло бо судури ҳукм, мо дигар ба мантиқи мунсифона сарфаҳм намеравем. Шояд “тақозои замон” бошад!!!