“Озодлик”: Ҳаракати исломии Узбакистон бо “Давлати исломӣ” байъат кардааст
Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ), як гуруҳи фаъолияташ мамнӯъ дар Осиёи Марказӣ бо пахши як навор аз байъат кардан бо гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” хабар додааст.
Бахши узбакии “Радиои Озодӣ” -- "Озодлик" навиштааст, ин навор савганди Усмон Ғозӣ, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон ба номи Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари “Давлати исломӣ”-ро ба намош мегузорад. Дар ин навор гуфта мешавад, шахсе бо номи Саид Ҳофиз волии Абубакр ал Бағдодӣ дар Хуросон таъин шудааст.
Дар навори ҲИУ гуфта шудааст: “Акнун бо таъин шудани Саид Ҳофиз ба ҳайси волии Хуросон, Усмон Ғозӣ ва Ҳаракати исломии Узбакистон ба итоати Абубакр ал-Бағдодӣ даромадаанд. Яъне, муҷоҳидони Ҳаракати исломии Узбакистон ҷангиёни хилофат дар Хуросон маҳсуб мешаванд. Ин ба маънои вусъат додани ҳудуди ҳаракат ва ба миқёси як кишвар табдил шудани он аст”.
Бахши узбакии “Радиои Озодӣ” навиштааст, ба хотири макон ва замону аз тарафи кӣ пахш шудани ин навор онро дар сомонааш ҷой надодааст. Акс аз интернет
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |