Бахшҳо

Бемасъулиятӣ ё “бчару бгард” дар пешниҳоди грантҳои президентӣ

Бар асоси иттилои Кумитаи занон, Оҷонсии зидди фасод ва Палатаи ҳисоб грантҳои президентие, ки барои дастгирии занҳо ҷудо шудаанд, ба номи ин ё он зан санади тақаллубӣ шуда, ҳамчунин ҳисобот пешниҳод гардидааст, ки чи миқдор занҳо дастгирӣ шуданд. Ниҳодҳои масъул мегӯянд, сарнавишти бештар аз 500 ҳазор сомонии ин грантҳо норӯшан аст. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид, ФАСОДКОРӢ ДАР ҚАЗИЯИ ГРАНТҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ НАТИҶАИ ЧИСТ?


Ҷовид МУҚИМ, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ

Дар кишваре чун Тоҷикистони фасодзада, коррупсия як амали маъмулист. Шумо як ба ҷомеа нигоҳ кунед, ки ягон коратон бепул анҷом меёбад? Барои як маълумотномае, ки бояд бепул дода шавад, камаш 5-10 сомонӣ мегиранд. Ҷудо кардани чунин грантҳо ва обулой кардани он ҳам барои мансабдорони мо ду карат ду аст. Вақте кишвар фасодзада аст, ҷомеа фасодзада аст ва коррупсия дар ҷомеа рушд кардааст, ин як кори воқеии ҳамарӯза мебошад. Аз ҳамин лиҳоз мо хоҳем нахоҳем ин чиз рух медиҳад. Бинобар ҳамин бояд муборизаро бар зидди фасод пурзӯр кард. Аввал бояд ба мардум маоши арзанда дод, то барои рӯзгузарониашон бирасад. Бо маоше, ки як вазир мегирад бо карру фар зиндагӣ кардан мумкин аст? Ин мошинҳои хориҷӣ, қасру кушкҳо аз кадом ҳисоб аст? Маълум аст, ки аз ҳисоби коррупсия ё дигар амали ғайриқонунӣ. Ба ҳамин хотир ман фикр мекунам ин чиз барои мардуми Тоҷикистон ғайричашмдошт нест, ки грантҳоро обулой мекунанд.

Раҷаби МИРЗО, рӯзноманигор

Аввалан ин хабарро бояд ба маъное фаҳмид, ки мутаассифона фасодкорӣ тамоми тору пуд ва тамоми бахшҳоро дар кишвар фаро гирифтааст. Инҷониб борҳо гуфтаам, ки фасодкориро шояд дар ягон кишвар ба таври комил аз байн бурдан мумкин набошад, вале имкон дорад аз як ҷинояти сердаромади “камриск” ба ҷинояти камдаромади “серриск” табдил дод. Асли мубориза бо ин ҷиноят бояд ҳамин бошад. Дуюм, аз ин хабар маълум мегардад, ки мисли бисёр иқдомҳои дигари ҳукумат, мавзӯи таъсис ва тақсими грантҳо низ ҳамаҷониба баррасӣ нашудаву танҳо намоишкорона будаанд. Додани грантҳо, махсусан барои занҳо бисёр иқдоми хуб ва лоиқи аҳсан аст. Аммо оё дастандаркорон аз ин иқдом чи мехостанд ва бовар доштанд, ки кадом мушкилиҳоро ҳал мекунанд? Ин саволи бисёр муҳим аст, чун маълум аст, ки бо 10 ё 20 ҳазор сомоние, ки ҳамчун грант дода шудаанд, дар шароити мо ташкил намудани корхона афсонае беш нест. Масалан, созмонҳои байналмилалӣ, агар грант медиҳанд, хеле амиқ меомӯзанд, ки оё муддаӣ чи барномаи амал дорад? Кадом корҳоро дар кадом муҳлат анҷом медиҳад? Грантҳои калонҳаҷм дар як давра не, ба таври силсилавӣ ва бо анҷоми як марҳала ва оғози марҳалаи нави лоиҳа дода мешаванду назорати иҷрои барнома таҳти назорати ҷиддист! Дар мо, ҳоло мебинем, сарфи грантҳои президентӣ умуман назорат надоштааст. Ва аслан ман шубҳа мекунам, ки вақти эълони озмуну интихоби лоиҳаҳо манфиатнокиашон ё барномаи амал доштанашон ва умуман иҷрошаванда ё утопия будани лоиҳаҳо баррасӣ шуда бошад. Агар чунин аст, пас ин корро мешавад номи дигар гузошт- БЕМАСЪУЛИЯТӢ! Ё ба таъбири мардум, “бчару бгард”!

Эраҷ РАМАЗОНОВ, ҷомеашинос

Ин аввал бемасъулиятии сохторҳо ва мақомоти дахлдор аст, ки раванди татбиқи грантҳоро пурра назорат намекунанд. Грантҳои президентие, ки пешниҳод мешавад, як мақсади муайян дорад. Камбудие, ки аз ҷониби он нафарони грантгир, ки бо боварӣ даромадаанду раҳбари давлат бевосита ба онҳо грант медиҳад, аммо онҳо ҳисоботи бардуруғ пешниҳод мекунанд, бар зарари давлату ҷомеа хоҳад буд. Бинобар ҳамин хуб мешуд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор санҷиш гузаронида шавад, то чи андоза ин грантҳо ба мақсад мувофиқ сарф карда мешаванд ва он натоиҷе, ки гӯё дода шуда бошад дар раванди тадқиқот дақиқияти онро маълум созанд. Ба ҳамин хотир оянда, ки ҳамин ҳолатҳо такрор нагардад як санҷиши густурда дар раванди татбиқи грантҳои давлатӣ гузаронида шавад.
Мӯҳр
Шахрванд
Салом. ман хамчун як шахрванд хаминро гуфта метавонам ки барои хар як грантхое, ки аз тарафи давлат чудо мешавад як сохторе, ки таъсис дода шавад, ки факат барои назорат аз болои грантхо бошанд. чун точикистон омухта будагист барои таъсис додани чунин сохтору вазоратхо. агар он вазиру он муовин обу лои накунанд, аз кучо ин касру кохи даб дабанок мекунанд........ ин корхо ба хама маълуманд.

Грантдузхо - макомоти давлати хуб муайян кардаанд, ки ВМКБ аз нигохи дигарон дур аст, аз ин ру ба номи занхои ин вилоят "проектхои таъсиси чои кори ба занон" навишта, маблагхои хангуфтро ба киса задаанд. Онхое ки гирифтан, аз нуги хамир фатир гирифтанд. Ин грантхо бояд дар марказ не, тарики кумитаи занхо дар вилоятхо дода мешуд, зеро рохбарон медонистанд ки чи кадар маблаг чудо шудааст ва натичааш дар кучост?
Вале Душанбе ба дарачае фасодзада аст, ки дар ин шахр як справкаи ночизро то 20-40 сомони наситонанд, имрузу погох гуфта мардумро сарсон мекунанд, вале 40- 50 хазори президенти пеш аз хама пули худи халк аст аз хисоби андоз ва нафароне ки онро дуздидаанд, камаш 10- 15 сол бояд ба хабс гирифта шаванд. Бечора Помирро дар ин самт хам горат мекунанд.

Лакаева
Ба саволи Р.Мирзо "Аммо оё дастандаркорон аз ин иқдом чи мехостанд" Чавоб: Пушидани либосхои гаронарзишу гарданбандхои аз санги киматбахо.

Билол
Устод Човид, охиста! Эхтиёт ку бача, мебардоранут!

Муслима
Озодагон озодии сухан дар торномаи шумо тачассум меебад гуфтем хато кардем магар ...

можно бороться с коррупцией,просто надо смотреть опыты других государств Грузия,Украина...Или наконец пригласить Михаила Саакашвили!Он за неделю уничтожит коррупцию.Его даже приглашают в Молдавию,но он пока не решился,говорят...

OZODAGON KAM KAM BA HDT BOVARI DOREM KORE NAKUNI KI AZ BOVARI BAROI BO

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)