Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои журналистон низ гуфт: "Нафари таҳти ҳимояи ман мақолаҳое навиштааст, ки барои рушди ҷомеаъ мусоидат мекунанд ва нисбат ба ягон мақоми ҳукумати ноҳияи Ашт хусумат ва ҳадафи таҳқир ё тӯҳмати онҳоро ҳам надошт. Вай танҳо хоста буд, он камбудҳои воқеии ҷомеа, ки дар мақолаҳояш бозгӯ кардааст, ислоҳ шавад». Алъон, дар додгоҳи Табошар баррасии парвандаи журналист идома дорад ва чанд рӯз қабл намояндаи додситонӣ барои Исмоилов 16-соли маҳбусӣ талаб карда буд.
Ёдрас менамоем, додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноиро алайҳи рӯзноманигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар аввали моҳи июни соли равон оғоз карда буд. Ҷумъаи Мирзо, сардабири ин ҳафтанома ҳамон вақт эълом дошт, ки сабаби боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад, зеро хабарнигор матлабҳои интиқодиеро аз вилояти Суғд омода ва нашр мекард. Бояд гуфт, Муҳаммадюсуф Исмоилов ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебурд.
Зимнан, кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, созмони "Хабарнигорони бидуни марз" ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), ИЖТ ва соири дигар ташкилоту ниҳодҳои журналистии Тоҷикистон боздошти хабарнигорро таҳаммулнопазирии мақомоти маҳаллӣ ба маводи интишоркардаи ӯ рабт медиҳанд ва хостори озодии ӯ гаштаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |