Вазири энергетика: Барои бунёди “Санобод” маблағ меёбем...
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, бо Бунёди Оқохон созишнома дар бораи гузарондани асоснокии техникӣ-иқтисодии нерӯгоҳи Санободи ноҳияи Рӯшонро ба имзо расондаанд.
Усмонзода, имрӯз, 22-юми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ки иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи Санобод аз 100 то 125 мегаватро ташкил медиҳад. Дар мавриди арзиши сохтмони нерӯгоҳ вазири энергетика изҳор дошт, ки одатан барои як мегават 1 миллион ва дар бисёри ҷойҳо 1,5 миллион доллари амрикоӣ лозим аст: “Мо тақрибан арзиши сохтмони Санободро медонем, аммо барои омори дақиқ бояд натиҷаи асоснокии техникии онро интизор шавем”.
Дар мавриди он, ки ин нерӯгоҳ бо кадом шарту шароит бунёд хоҳад шуд, Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки ба ин масъала ҳукумат баъди гирифтани натиҷаи асоснокии техникӣ машғул хоҳад шуд: “Баъди гирифтани натиҷаи асосноккунӣ ҳукумат ба ҷамъоварии маблағ машғул шуда, шарту шароити сохтмони нерӯгоҳро муайян мекунад. Боварӣ дорам, ки бо кӯмаки ҳукумат ва бо ҷалби созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои сохтмони Роғун маблағи лозимӣ дарёфт хоҳад шуд”.
Усмонзода инчунин афзуд, ки рӯзҳои наздик Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Бадахшон боздид карда, дар маросими гузоштани санги асоси нерӯгоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа иштирок хоҳад кард: “Ин нерӯгоҳ бо иқтидори 10 мегават барои таъмини пурраи Бадахшон ва содироти барқ нигаронда шудааст”.
Вазири энергетика инчунин сафари ахирашро дар пайи офатҳои табиӣ ба Бадахшон зикр карда, аз кормандони “Помир Энержӣ” таъриф намуд, ки дар бартарафсозии оқибатҳои офат ва таъмини мардум то 18 соат дар як шабонарӯз кор мекарданд: “Феълан 99 дарсади сокинони вилоят бо барқ таъмин мебошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |