Вазир: Таҳқири шахсиятҳо дар матбуот кам шудааст
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки қаблан аз таҳқири шахсиятҳои шинохтаи тоҷик дар бархе аз нашрияҳо интиқод кард, изҳор дошт, ки вақтҳои охир матбуоти мустақили тоҷик касбитар шудааст.
Орумбекзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар Душанбе аз кам шудани таҳқиру тавҳин дар расонаҳои кишвар, аз ҷумла матбуоти мустақил хабар дода, афзуд, ки “имсол нисбат ба соли гузашта дар расонаҳои кишвар таҳқиру тавҳин кам ба назар мерасад”.
Вазири тоҷик таъкид намуд, ки ҳамеша ҷонибдорӣ интиқоди воқеъбинонаи журналистон аст, ки ба манфиати ҷомеа равона шудааст: “Он чизе, ки воқеъбинона аст, мо онро ҳама вақт ҷонибдорӣ мекунем, дастгирӣ мекунем, вале он чизе, ки таҳқиромез аст, он чизе, ки ба иззати нафси шахсиятҳо мерасад, набояд дар расонаҳо бошад. Дар тафаккури мардуми шарқ рӯзнома, китоб як чизи муқаддас аст, вақте ки он пур аз фаҳшу таҳқир шавад, оқибати насли навраси имрӯзаи мо чӣ мешавад?”.
Орумбекзода зарур хонд, ки матбуоти кишвар дар доираи қонунгузории кишвар фаъолият кунанд.
Таъкиди вазири фарҳанг ба пешрафти матбуоти мустақил дар самти касбият дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран ҳукумати Тоҷикистон бо як дастур ахбори расмиро дар инҳисори хабаргузории “Ховар” гузошт. Ба гуфтаи коршиносон ин дастур ба қонунгузории кишвар мухолифат дошта, боиси зиёд шудани фосила миёни ҳукумат ва мардум мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |