Бахшҳо

Раиси Бонки Миллӣ гуфт, баъзе “рафиқон”-аш аз қурби $ сӯиистифода мекунанд

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар шарҳи уфти серӯзаи қурби доллар, ки ахиран аз 6,60 сомонӣ то 5,40 сомонӣ фаромада, боз бо суръат боло рафт, изҳор дошт, ки ин кори дасти бархе бозигарон ба истиллоҳ “рафиқон”-аш ҳаст.

Нурмаҳмадзода, имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон”, ки чаро се рӯзи охири май қурби доллар бо суръати кайҳонӣ поин омаду боз якбора боло рафт, изҳор дошт, ки ин баъзе бозигарон, “дар нохунак рафиқони мо ҳастанд, ки аз чунин ҳолатҳо сӯиистифода мекунанд. Вақте тими Бонки Миллӣ нав шуд, як-ду нафар, ки ба додугирифти ғайрирасмии асъор машғул буданд, ҳар хел овозаҳоро паҳн карда, хостанд сӯиистифод кунанд, лекин ба мақсадашшон нарасиданд. Он рӯзҳо бозори ғайрирасмии асъори хориҷӣ хеле фаъол буд ва мо талош намудем, ки чораандешӣ кунем ва зери назорат гирем. Чунин нуқтаҳои ғайрирасмиро аз байн бурдем. Ҳама гумон карданд, ки мо ҳамаи захираҳои худро барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ равона кардем, ки чунин нест. Мо захираҳои худро нигоҳ доштем. Барои устувории қурби пули миллӣ эҳтироми пули миллӣ сиёсати дурустро ба роҳ мондан даркор аст. Барои ин ҳама бояд, аз ҷумла мақомоти дахлдор кор кунанд”.

Раиси Бонки Миллӣ иддаоро, ки гӯиё барои чанд рӯз содироти асъори хориҷӣ аз кишвар мамнуъ шуда буд, беасос ва дурӯғ хонд. Қаблан Бонки Миллӣ дар шарҳи поинравии қурби доллар барои ҳамагӣ се рӯз изҳор дошт, ки ин таъсири омилҳои бозорӣ-афзоиши пешниҳоду коҳиши талабот аст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзод зимни нишасти матбуотӣ инчунин нияти ниҳодашро барои ҷалби 500 миллион доллар қарз аз Чин шарҳ дода, афзуд, ки он ба устувории қурби пули миллию дастгирии соҳибкорон равона хоҳад шуд: “Аз ҷумла барои додани қарз ба соҳибкорон равона мешавад ва ягон пайомади манфӣ надорад. Дар баробари Бонки рушди Чин мо инчунин бо Бонки кишоварзӣ ва Бонки мардумии Хитой барои гирифтани қарз гуфтушунид дорем”.

Нурмаҳмадзода барои устувории пули миллӣ изҳор дошт, ки ният доранд, зимни додугирифт миёни Чину Тоҷикистон аз пули сомонӣ ва юан истифода кунанд: "Тоҷирони тоҷик дар Чин метавонанд сомонӣ истифода кунанду чиниҳо дар Тоҷикистон метавонанд юанро кор баранд".
Мӯҳр
Далер
500,000,000 долар барои Додани карз ба мардум? Чаноби Нурмахмадзод, маро низ ба руйхати мардум дароред, то ки, хамчун сохибкор битавонам карз гирам. Муълум, ки фехристи "мардуми сохибкор" аллакай омода аст. Ва ягон сохибкори бечора ин пулро намебинад.

раис
ин мардум нав фамидестан ки тамоми кор дар хукумат барои рафико щудестай

Агар
Раиси бонки милли бояд мисли раиси гумруки кишвар ошкоро харф занад, то мардум фахманд, ки "рафикони" Норинов чи гуна ашхосанд

ШАРАФ
Акои азиз, Онхое ки мехостанд аз баланд шудани курби доллар истифода кунанд, чудо хуб истифода карданд. Дах миллионашон сад миллион ва сад миллионашон шояд миллиард шуда бошад. Шумо он чо чи мегуед ин поёноба кори худашона мекунанд бо ишораи хамон рафикои гуфтагии Шумо. Ха гур сузаду дег чушад. Барои ин беномусон зарари давлати точикон ва бечоратар шудани мардуми одди ду пула гап де...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)