Бахшҳо

Иқрор. Фаттоҳ Саид ба фасодзадагии ниҳодаш ишора кард

Ахиран Фаттоҳ Саид, раиси Хадамоти гумрук ба “калла гирифт”, ки карру фар ва савлати кормандонаш аз ҳисоби сохтакории ҳуҷатҳо ва фиреби давлату миллат аст.

14 июл Абдуфаттоҳи Ғоиб дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар мавриди сарчашмаи мошинҳою хонаҳои гаронарзиши кормандони гумрук изҳор дошт, ин ҳама тариқи сохтакориҳо ба даст меояд: “Дар вақти вуруд дар санадҳо як намуди борро ба бори дигар иваз мекунанд ва ин арзиши борро кам месозанд. Аз ин ҳам тоҷир фоида мебинад ва ҳам корманди гумрук. Масалан аз Эрон қолину мебелро ҳам дар санадҳо маҳсулоти макаронӣ гуфта, ворид мекардаанд, зеро пардохтҳо барои макарон хеле кам аст”.

Худи маълумот нав нест. Чунин маълумотҳоро аз даҳони мардум қариб ҳар рӯз мешунавем. Аммо ин ки ин ҷурму гуноҳи кормандони мақомотро як роҳбари олимартабаи ҳукумат тасдиқ мекунад ва мисли дигар роҳбарон гуноҳи зердастонашро ба истилоҳ “намепӯшонад” аҷиб аст. Бадбахтона, фасод солҳост, ки аксари бахшҳои ҷомеа бахусус сохторҳои қудратиро пахш намудааст. Зоҳиран гӯиё мо бо фасод мубориза мебарем, вале дар асл аксари мо хоҳ шаҳрванди оддӣ хоҳ мансабдор ва онҳое, ки рисолаташон мубориза бо фасод аст ин падидаро нодида мегирем.

Одат кардаем, ки бигуем: “фасоди молӣ дар тамоми ҷаҳон ҳаст”, “муҳоҷират раванди умумиҷаҳонист” ва мисли ин худфиребиҳои дигар. Аммо наход фасод дар дигар кишварҳо ба дараҷаи мо бошад, ки фоизи фасод наздик ба 50/50 бошад. Бубинед, худи Фаттоҳ Саид чӣ мегӯяд: Чунин ҳолат дар додугирифт бо Чин низ ҷой дорад: “Ман ба наздикӣ дар Хитой будам, ба ман ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки дар 5 моҳ ба Тоҷикистон аз Хитой ба маблағи 257 миллион доллар бор интиқол дода шудааст. Аммо аз сарҳади Тоҷикистон бор ба маблағи 132 миллион доллар гузаштааст”.

Ин маънои онро дорад, ки нисфи пуле, ки ба буҷаи кишвар бояд ворид мегардид, миёни соҳибкорон ва гумрукчиён тақсим карда шудааст. Гуфтем, ки иқрор кардани роҳбари яке аз ниҳодҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси вуҷуд доштани фасодкорӣ дар ниҳоди зери роҳбарияш ҳодисаи нодир ва дар ҳамин ҳол муҳим ҳам ҳаст. Ҳолатҳое ки Фаттоҳ Саид ёд мекунад дар дигар ниҳодҳо низ ба шакли махсуси ҳамон соҳа вуҷуд дорад. Аммо барои иқрор намудани онки соҳа дар мурдоби фасод ғутавар гардидааст, як каме ҷуръату ҷасорат даркор, ки ба аксари мансабдорони мо хос нест.

Иқрор шудан ба инки фасод дар ниҳодҳои қудратӣ мавҷуд аст, қадами аввал барои мубориза бо ин хатар метавонад бошад. Аммо, агар танҳо иқрор бар забон бошаду амал накунем ба ҳич куҷо намерасем. Мисле, ки то имрӯз ба ҳеч куҷо нарасидем.

Бори дигар ба фактҳое, ки Фаттоҳ Саид раиси Хадамоти гумрук меорад, мутаваҷчеҳ шавед. Ӯ қазияи боздошти сардори як дидбонгоҳи гумрукиро дар соли гузашта зикр кард, ки дар биноҳои навбунёд 24 хона доштаасту аз худаш қариб ду миллион доллар пули нақд дарёфт шудааст. Тасаввур мекунед, агар ҳар як корманди гумрук ва андоз бо давлату миллати худ чунин муносибат намояд ҳоли кишвар чӣ мешавад? Магар даҳшатнок нест?

Ё худи ин ки аз 257 миллион доллар нисфаш ба ҳаво меравад, ҷои нигаронӣ надорад? Оре, дорад. Ин Шармандагист! Фасод ба забони оддии омма дуздӣ аст ва дуздӣ бешарафист ва ҷомеаро ба фалокат дучор месозад. Барои он ки ҳамагӣ ғарқ нашавем, ҳар чи зудтар дасти дуздҳоро кутаҳ бояд кард!
Мӯҳр
Хакикатчуй
Офарин, Фаттох Саид! Акнун гуфтан кам аст, ба амал бояд гузашт. Ба дуздону рохзанон рахм кардан, ин худ бехирадист. Зеро ин хатаарест ба чомеа.
Тарахум ба паланги тездандон
Ситамкори бувад бар гусфандон.

Вакти он расидааст ки ба талаботи меъёрхои байналмилали кор ва фаъолият намоем яъне дасту дидаи пок бо сардории акаи Фаттох мумкин аст ки чунин хам шавад.Агар хама конунхоро риоя кунад андозхоро супорад мумкин аст ки сафи мухочирини бечора хам кам шавад.Ба худ савол дихем ки то ба кая мардума фиреб медихем?Биеен ба хотири миллати худ бо дили соф кор карданро биемузем худо хам ба мо мададгор мешавад.

деградацияи чомеъаи мо ба куллахои баландтарин расидааст (е мумкин аз боло ба поен омада истода бошад?...)

умедчон
Фаттох Саидов Генерали фахри Точикед шмо дасти халол вичдони пок доред ман бовари дорам ки тахти рохбари шумо Хадамоти Гумрук ба пеш меравад чихели таи 6 сол дар Агенти назорати давлати молияви ва мубориза бо коррупция сар баландона фаъолият каред ман ба шумо аз даргохи яздони пок ба шумо Тани сихату хотири чаъм тамано дорам хоча Хофизи бузург гуфтааст.

Хофиз маяндеш зи гуфтори ракибон
Акоси сагон кам накунад риски гадоро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)