АКСУ ВИДЕО: 87 “Тайота”-и Амрико ба КДАМТ, ВКД ва АНМН
Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои мақомоти қудратии Тоҷикистон 87 худрави истеҳсоли ширкати “Тайота” тақдим кард.
Расми тақдими ин худравҳо имрӯз, 8 июл дар қисми низомии 2011-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) сурат пазируфт. Дар ин маросим Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон зимни суханронии худ гуфт, ин худравҳо дар ихтиёри Қушунҳои сарҳадии КДАМТ, Агентии зидди маводи нашъаовар ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузошта мешавад. Сафири Амрико ҳадафи кумаки мазкурро таъмини субот дар марз бо Афғонистон, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилона арзёбӣ кард. Ӯ афзуд, “ИМА уҳдадор аст, ҷиҳати беҳтар намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза алайхи терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон кӯмак расонад”.
Ба иттилои хонум Эллиотт, чун Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тулонӣ дорад ва маводи мухаддир бештар тариқи сарҳад интиқол мегардад, бештари худравҳо ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ дода мешавад.
Мансур Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тақдими худравҳоро нишони дӯстӣ миёни ду кишвар арзёбӣ карда гуфт, “Ҳукумати Амрико яке аз давлатҳои бузургтарини кумаккунандаи Душанбе дар самти таъмини субот дар марз бо Афғонистон аст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |