Бахшҳо
06 июл 2015 12:24Тоҷикистон / Сиёсат

Нуриддин Саид "дархост"-и Эрдуғон барои бастани литсейҳои Гюленро рад кард

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дар мавриди дархости Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, ки гӯиё аз Тоҷикистон бастани литсейҳои туркиро хостааст, рад кард.

Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, ҳеч дархосту дастуре барои бастани литсейҳои туркиро нагирифтаанд ва дар кишвар танҳо номи ин муассисаҳо иваз мешавад. Ба гуфтаи вазир ин муассисаҳо минбаъд бо номи мактаби хонандаҳои болаёқат фаъолияташонро идома медиҳанд ва агар омӯзгорони турк бихоҳанд, фаъолияташонро дар ин муассисаҳо идома диҳанд, онҳоро бо кор таъмин хоҳанд кард.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз поён ёфтани шартномаи фаъолияти литсейҳои туркӣ, ки таҳти пуштибонии ширкати “Шалола” дар кишвар фаъолият мекунанд хабар дод ва баъдан масъалаи тағйири номгузорияшонро ба миён гузошт. Ба иттилои ин ниҳод “Шалола” дорои 6 литсей дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанд буда, инчунин литсейи байналмилалии Душанбе низ ба он тааллуқ дорад.

“Шалола” ба ҳаракати “Хизмет”-и рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен марбут дониста мешавад, ки феълан аз ҷониби ҳукумати Раҷаб Эрдуғон дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст. Қаблан расонаҳои туркӣ навиштанд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз мақомоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон хостааст, то мактабҳои Гюленро банданд, аммо вазири маорифи Тоҷикистон ин иттилоъро рад намуд.
Мӯҳр
Мо аз ин литсейхо кадрхои содик барои ин сарзамину , миллату, адвлат намегирем. Бигзор баста шаванд. Маорифи худро бокувват кардан лозим аст ! Ягон давлат барои мову шумо ройгону бе хадаф кадр омода намекунад!

Форс
ба Саид! Ин литсейхо магар кисмати чудонашавандаи маорифи кишвару муаллимону толибилмони он мардуми ин кишвар не? Дар хакикат ба мардуми точик аз Худованд як чиз расида - хасудиву бахили! Дигар ин гуна точик будан намехохам, миллати ман минбаъд форс аст!!!

Ба Форс
Бародар. Ман худам корманди Вазорати маорифи ЧТ. Ин литсейхо пантуркист тайёр мекунаду халос. Инро нагз медонам!

Сино
Бигзор мисли пештара фаъолият кунанд ... Ино ай Точикой порахурда хубтаран!

Ин литсехои турки давоми хамон сиесати пантуркистист.Баъд аз як чанд сол таъсири ин сад дар сад маълум хохад шуд.Хеч як давлате барои бехбудии миллати дигар кор намекунад, хама вакт манфиатхои миллии худро дар мади аввал мегузорад. Агар бо хамин кадрхои дар Туркия омодашудаги сухбат намои маълум мегардад,ки баъзе аз онхо идеалогияашон дигар шудаги ва зидди манфиатхои миллии худ сухан мегуянд. Кас ариями онхо мутахасиси ботачриба ШУДА дар ТУРКИЯ кор менамояд на барои давлати худ.

ман хонандаи гимназияи1-и н.Восеъ астам... Дар дохили мактаби мо антенаи мавчпахшкунан насб шудааст. Мо медонем ,ки ин ба саломатии мо зарари бузурге дорад ва аз шумо хохиш дорем, ки зудтар чорае андешед!

ман хонандаи гимназияи1-и н.Восеъ астам... Дар дохили мактаби мо антенаи мавчпахшкунан насб шудааст. Мо медонем ,ки ин ба саломатии мо зарари бузурге дорад ва аз шумо хохиш дорем, ки зудтар чорае андешед!said,
[center][/center]


ман хонандаи гимназияи1-и н.Восеъ астам... Дар дохили мактаби мо антенаи мавчпахшкунан насб шудааст. Мо медонем ,ки ин ба саломатии мо зарари бузурге дорад ва аз шумо хохиш дорем, ки зудтар чорае андешед!

ман хонандаи гимназияи1-и н.Восеъ астам... Дар дохили мактаби мо антенаи мавчпахшкунан насб шудааст. Мо медонем ,ки ин ба саломатии мо зарари бузурге дорад ва аз шумо хохиш дорем, ки зудтар чорае андешед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)