Бахшҳо
01 июл 2015 17:53Тоҷикистон / Сиёсат

Баҳси ҲНИТ-у мақомот ҷаҳонӣ шуд: Дархости дахолати СММ, Русия, Эрон ва...

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст.

Абдуқаҳҳори Давалат, узви Раёсати Олии ҲНИТ бо дар ихтиёри “Озодагон”, гузоштани матни муроҷиатнома ба унвони ин созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳо гуфт, ки зуҳри имрӯз, 1-уми июл номаи ҲНИТ ба унвони ниҳоду кишварҳои зикршуда фиристода шудааст. Ба иттилои Абдуқаҳҳори Давлат ин иқдом дар ҷаласаи ахири Рёсати Олии ҲНИТ, ки ба масъалаи тадобири баъдии ҲНИТ барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои мақомот ва бозгашт ба волоият ва эҳтироми Сарқонун бахшида шуда буд, гирифта шудааст.

Раёсати Олии ҲНИТ далели аслии ирсоли номаро ба унвони ин созмонҳо ва кишварҳо “вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти Ҳукумати ҶТ нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф” унвон кардааст.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки “18 сол қабл бо миёнҷигарӣ ва сарпарастии СММ ва назорату кафолати кишварҳое, мисли Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Туркманистон Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид. Тарафҳои сулҳ тавофуқ карданд, ки бо ҳусни эҳтиром ва тафоҳуми ҳамдигар ва риояи қонун як кишвари озоду демократӣ месозанд, ки дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодиву тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад. Ва ду ҷониби сулҳкунанда ҳамдигарро бахшида, бо зоҳиру ботин ва ақидаҳои хеш якдигарро қабул карданд”.

Раёсати Олии ҲНИТ дар ин муроҷиатнома гуфтааст, ки бо гузашти 18 сол вазъият на танҳо бар хилофи меъёрҳои тавофуқшуда, балки беш аз он бадтар шудааст: “Агарчӣ вайрон кардани бандҳои алоҳидаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле зуд оғоз гашта буд, вале ҲНИТ ба хотири ҳифзи суботу оромиш ва зери хатар қарор надодани дастоварди бузурги тоҷикон-сулҳу ваҳдат, ҳеч гоҳ ин масоил ва мушкилотро дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ матраҳ накард. Баръакс, ҳамеша мардум ва ҷонибдорони худро ба сабру хештандорӣ даъват кардааст, то мушкилот аз тариқи муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли худро пайдо намояд”.

Дар ин муроҷиатнома ҲНИТ тарафи дигари сулҳ - Ҳукумати ҶТ-ро “бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳ” айбдор донистааст.

ҲНИТ гуфтааст, ки бо вуҷуди ин ки тамоми намояндагони ҲНИТ аз сохторҳои давлатӣ ва қонунгузорӣ берун карда шудаанд, мақомот ҳадаф дорад фаъолияти онро қатъ кунанд.

Ин ҳизб иқдомоти мақомоти давлатии Тоҷикистонро мухолиф ба Қонуни асосии ҶТ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар, хатар ба оромиш ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ донистааст. Дар матни нома омадааст, ки “ҳазорҳо нафар аз набудани волоияти қонун, адолат ва имконияти озоди фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ноумед гашта, тарки ватан карданд ва ҳатто иддае ба гурӯҳҳои радикалӣ ҳам пайвастанд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҷустуҷӯ дорад, мақомоти давлатии Тоҷикистон бо ин гуна сиёсатҳои иштибоҳӣ заминасози пайдоиш ва рушди падидаҳои манфӣ дар кишвар ва минтақа гашта истодаанд”.

ҲНИТ дар ин нома аз нокомии талошҳои худ барои ҳалли қазия аз тариқи роҳҳои муколама ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ёдовар шуда, хостааст, ки созмону кишварҳои кафили сулҳ ба вазъи мавҷуда дахолати мустақим намоянд ва Ҳукумати Тоҷикистонро водор намоянд, ки Конститутсияи ҶТ, қонунҳои кишвар, ҳамчунин ҳусни эҳтиромро ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ зоҳир намояд.
Мӯҳр
ХНИТ, хами устодони шумо дар хаки Точикстон чи кор кардаанд ? Сулхро шумо намехостен, шуморо ба сулх овардан! Барои собик мухолифини Хукумат тинчиву ороми в пользу набуд. Чи инкадар даъво дорен???

shahrvand
бехтарин
офарин ба ХНИТ

дориюш
Ман на мефахмам ин сухани хнит ки мегуяд бастаи хнит хатархое ба амнияти Точикистон дорад?????? Инчо паеми ноором кардани Точикистон аз чониби ин хизби гумоштаи кишвархои исломиро бояд чидди гирифт, тачрибаи ноором кардани кишварро як бор аз сар гузаронидаанд....

Икдоми хуб аммо гумон намекунам ки тагироти чиддие сурат гирад. Ба хар хол Худо бо ХНИТ аст Иншоаллох. Аз дигарон таваккуе набояд дошт худамон бояд сари мизи музокирот бинишинем ва масъалаи "Дифоъи хукуки ХНИТ"-ро халлу фасл намоем албатта дар як замони кутох вагарна зарбаи амике ворид хохад шуд бар ХНИТ ва аъзоёнаш.

Одина
Мо тарафдори тенчию амонием.

Гайр аз тинчию амони хеч чиз дигар намехохем. Ризкдиханда Худо хаст, ба каму бешаш шукр. Мо ранги дигарон барин шикам гуфта намегардем. Озодагон чаро шумо назархои маро бисери вакт нашр намекунед? Е номатонро иваз намоед е ки нашр кунед.

Ба роҳбарияти ҲНИТ хуб мешуд пеш аз муроҷиат ба созмонҳои ҷаҳонӣ як бор гиребони худро бӯй мекарданд. Охир онҳо мухолифи давлат буданд, ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ онҳоро баъди фаҳмондадиҳиҳои зиёд ба муросо оварданд, агарне ҲНИТ то ҳозира мухолифи давлатдории милли аст.

Бо ин муроҷиати худ роҳбарияти олии ҲНИТ собит сохтанд, ки нисбати обрӯю эътибори миллати тоҷик бетараф мебошанд, чунки ин амали онҳо ба иқидаи хориҷиён нисбати давлатдории миллати тоҷик нобовариро ба миён оварда, ба муносибати байналхалқи зарар оварданаш мумкин.

Ё тавба, ин ҲНИТ ба миллати тоҷик ҳеҷ фоидае наовардаасту боз худро дар назди ҷаҳониён сафед карданист. Ин дурӯягӣ аст.

Ман як шахрванди ЧТ шахсан бо як марде, ки дар давраи чанги шахрванди гуреза дар Афгонистон буд сухбат кардам ва у гуфт, ки ягон маротиба ХНИТ аз холи гурезахо напурсид ва ягон намояндаш барои хабаригири наомада буд. Лекин дар баромадхои пешазинтихоботии аъзоёни ХНИТ намояндахояш мегуяд, ки мо дар вакти чанг аз холи гурезахо доим хабар мегирифтем. Ин хамааш дуруги махз аст, на ягон аъзо ва намояндаи ин хизб аз холи гурезахо хабар нагирифтааст ва имруз боз даъво мекунад, ки ХНИТ ба шумо сулх овард. Баракс ХНИТ ба мо ЧАНГ овард.

Одина
Озодагон чаро шархи маро пурра нашр накардед? Ё ин ки касе ХниТ-ро таърифу тавсиф кунад факад хамунхоро нашр менамои? Мохам шахрванди Точикистонем бояд фикрхои морохам нашр кард. Ё фикрхои хамаро нашр намоед ё ин ки умуман ичозат надихед.

Озодагон агар комментарияхои маро чоп намекуни ту номи Озодагонро хайф кардаи хакчуй боши чоп кун давлатро сиёх мекуни ин тавр карду он тавр кард ту худат холо мисли мурчаиву ба чунин дуруяги даст зада истода яъне хар чи дар бораи ХНИТ хуб бошад нашр мекуни хар чи бад бошад намекуни кучост адолатие, ки ту аз он сухан мекуни.

Нест бод ХНИТ. Кораш факат бадномкунии давлатдории милли, чунки онхо фикрашонро ба дин банд карда, миллатро фаромуш кардаанд.

Аҳмадхон
Озодагон барои чи шарҳи маро чоп накардӣ? Барои чӣ намегузори ки шарҳи мардум якбора барояд. Аввал мехонӣ шарҳе, ки маъқул донисти чоп мекунӣ, шарҳҳои маъқул набударо чоп намекунӣ. Чаро?

Ахмадхон
Хамин худи озодагон хам хилофи давлвт аст. Хамаро бетартиб мекуни. Чаро шархи пештараамро набароварди. Ба ин озодагон хеч гох бовар накунед.

Човиддон
Чаро махз ХНИТ? Банда аъзои ягон хизб нестам. Аммо дар ХНИТ он чиро, ки дар баробари Хукмат мегуяд хак ба чониб аст. Банда хамин давлатро як давлати (монополия)-ги медонам на демократии... Чаро дигар Хизбохо фаъол нестан чун ХНИТ... Дар махалае, ки ду хамсоя ба як дигар ракобат надошта бошанду хасуд хури дошта бошанд аз кучо он махала обод мешавад. Дар охир як чиро фаромуш набояд кард, ки ин Точикистон на моли Мансабдорн аст на хочагонашон аз берун как ручки истифода мебарашон ин Давлат моли шахрвандони Точикистонист.said,

Худо бо мост...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)