Намоиши филме дар бораи корномаи тоҷикон дар ҶБВ
Дар шаҳри Челябински Русия филме дар бораи корнамоии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар солҳои 1941-1945 намоиш дода мешавад.
Ин филм таҳти унвони “Сарбозони бесилоҳ” аз рӯи кори илмии Сайёд Муҳаммедов, аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улуми Тоҷикистон таҳия шуда, аз ҳаёти сангини иштирокдорони тоҷик қисса мекунад.
Дар ин филм намоиш дода мешавад, ки чи тавр шаҳрвандони Тоҷикистон дар он замон ба сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб шуда, ба хотири поин будани сину солашон на ба ҷанг, балки барои кор ба Урал фиристода мешаванду аз сабаби номусоиди шароит ва ғизои ноошно ҳангоми кор дар заводҳои Урал рӯзҳои сахтеро аз сар мегузаронанд.
Ба иттилои хабаргузории русии “Доступ”, нахустнамоиши ин филм рӯзи 22 июни соли равон дар осорхонаи “Краеведческий” баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |