Дар вилояти Суғд беш аз 2000 фиттаю дискҳои манъшуда мусодира гардид.
Бо мақсади санҷиши риояи талаботи бандҳои 3 ва 4 моддаи 22 - и Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва танзими фаъолияти нуқтаҳои нусхабардорӣ ва паҳнкунии маводи аудиовизуалӣ мутобиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз тарафи комиссияи корӣ таи нӯҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рейдҳои назоратӣ - санҷишӣ гузаронида шуданд.Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз хадамоти матибуотии раси вилояти Суғд иттилоъ доданд,дар натиҷаи рейдҳо зиёда аз 2000 фиттаю дискҳои манъшуда мусодира гардиданд, ки қариб 50 фисади онҳоро фиттаҳои мазмуни динӣ дошта ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин мутобиқи қарори комиссия зиёда аз 600 китобҳои мазмуну мӯҳтавои динӣ дошта, 3 маҷалла, 109 адад фитта аз ташхис гузаронида, 37 китоб бо назардошти баъзе фикру андешаҳо, паст будани сифати чоп аз фурӯш боздошта шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр