Собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон афзуд, ман ба президент нақл кардам, ки соли гузашта донишгоҳи мо симпозиуми байналмилалии «Форуми фарҳанги Маскав» - ро доир намуд ва мо чунин хулоса баровардем, ки фарҳанг бояд лоиҳаи асоситарини миллӣ гардад. Ман ба президент хабар додам, ки дар давраи корам дар донишгоҳ теъдоди донишҷӯёни тоҷике, ки дар он ҷо таҳсил менамоянд, афзуд. Ман маҷаллаеро нишон додам, ки дар донишгоҳ нашр шудааст. Мо дар донишгоҳамон якҷоя бо сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 20- солагии Тоҷикистонро таҷлил намудем. Варианти якуми китобам «Халқи тоҷики ман» - ро ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудам. Президент онро бо камоли миннатдорӣ пазируфт. Ба фикрам ана ҳамин хел иқдомоти мушаххасе, ки русиягиҳои мо ва тоҷикон зоҳир менамоянд, барои таҳкими дӯстии халқҳо, бешубҳа, мусоидат менамояд».{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |