Ҳафиз Холиқзода аз Маркази оянданигарии академия рафт
Ҳафиз Холиқзода, директори Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон аз мақоми худ канор рафтааст.
Ҳафиз Холиқзода рӯзи 19 май бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, бо хоҳиши худ аз вазифа рафт. Ӯ далели аслии ин тасмимашро "машғул шудан ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ" гуфт. Ба қавли ҷаноби Холиқзода, ӯ ҳамчун узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” боқӣ мемонад, вале ба Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ дигар ҳеч робитае надорад.
Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Атоӣ, ки то ин вақт ба ҳайси муовини директори маркази мазкур ифои вазифа мекард, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯ низ аз вазифа канор рафтааст.
Ҳафиз Холиқзода мегӯяд, дар мавриди раҳбарияти нави марказ ҳоло маълумоте дар даст надорад.
Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ соли 2014 дар Академияи улум таъсис ёфт ва бо мавзеъгириҳои мутафовити худ дар баробари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва дини Ислом дар татқиқоти худ ва расонаҳо маъруф гардид. Маркази мазкурро бархе аз расонаҳои Тоҷикистон ҷузъе аз “фабрики ҷавоб”, ниҳоди номушахасе, ки дар навиштаҳои худ мухолифин ва дигарандешонро саркӯб мекарданд, медонистанд. Вале, ҷаноби Холиқзода дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” ин иддаҳоҳоро рад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |