Бахшҳо

Посухи Абдуғаффор Юсуфов ба нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон

Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон тавсия додааст, ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат накунад.

Нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон рӯзи 16 майи соли равон дар матлабе унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон маҳдудиятҳои мазҳабӣ дар кишварро ба баҳс кашида, навишт, мақомоти давлатӣ аз баҳсҳои ришу ҳиҷоб канор истода, ба рушди иқтисод рӯй биёварад, ки роҳи наҷот аз гуруҳҳои ифротист.

Абдуғаффор Юсуфов бо навиштани посух ба ин нашрия гуфтааст, “чунин “дилсӯзиҳо” танҳо як ҳадаф доранд ва он ҳам эҷоди тафриқаву иғво, ба гуруҳҳо ҷудо сохтани мусулмонону бадном сохтани миллати сулҳпарвар аст”.

Дар ин матлаб, ки торнамои расмии Кумитаи дини Тоҷикистон нашр кардааст, муаллиф аз масъулини “Ҳашти субҳ” мепурсад, “оё шумо ҳамаи масоили марбут ба мушкилоти дохилии худро ҳал кардаед, ки ҳамакнун ба мушкилоти кишварҳои дигар “расидагӣ” мекунед?”

Сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита дин дар идома мегӯяд, “агар нашрияи “Ҳашти субҳ” қобилияти мумтози таҳлилиро доро бошад, чаро вазъи ҳолии Афғонистонро таҳлилу баррасӣ намекунад, то бо ин амал ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию амниятии кишвари ба мо ҳамсоя мусоидат кунад? Оё маҳз чунин иғвогарӣ ва мазҳабталошии баъзе гуруҳҳои ифротӣ набуд, ки мардуми шарифи афғон то имрӯз дар вазъи нохуби амнияти басар мебаранд? Мебоист, нашрияи мазкур ва мутахассисону коршиносони зархариди хоҷагони беруна аввал ба мушкилоти дохилии худ таваҷҷўҳ намуда, дар пайи ислоҳи ҷомеаи Афғонистонмешуданд. Зеро амну суботи Афғонистон барои мо ҳамчун як кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон ва ниҳоятан ҳамдин басо муҳим аст”.

Муаллиф дар идома ба давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистон таъкид намуда, мегӯяд, “ба маслиҳат ва тавсияҳои чунин “коршиносон”, ки бар асоси маълумоти нодурусту иғвоангез таҳия гардидаанд, эҳтиёҷ надорад”. Абдуғаффор Юсуфов мегӯяд, “ба маълумоти нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон ва дигар зархаридони хориҷӣ, ки мехоҳанд мардуми шарифи тоҷикро низ ба шӯр оварда, дар ватани азизамон тухми кинаву адоват коранд, мерасонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама саъйу кушиши худро ба он равона сохтааст, ки давлати Тоҷикистон ба ҳоли Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ гирифтор нашуда, мусулмонони ҷумҳурӣ дар фазои сулҳу салоҳ ва оромиву амният умр ба сар баранд”.

Дар поёни матлаб ӯ аз нашрияи “Ҳашти субҳ” ва дигар коршиносони масоили динӣ ва руҳониёни маъруф хоҳиш кардааст, “ба корҳои дохилии давлати соҳибистиқлол дахолат нанамуда, бар он бикушанд, то аввал худро ислоҳ кунанд, ватани худро ободу ором кунанд, сипас ба ҳамсоя назар намоянд”.

Мӯҳр
Сад дар сад. Ин Юсуфов вақтҳои охир хеле садо баланд мекунд... Ба ҳар ҳол фикри хуб....

Дар хакикат, ин икдомот чихати пуштибони аз манфиатхои милли аз чониби Абдугафор Юсупов мавриди кабул ва дастгирист... Зеро он чангу чидол ва катлу кушторе, ке дар Афгонистони чангзада то хол оташаш хомуш нашудааст, ба хамагон маълум аст ва чаноби Абдугафор инро хам ба маврид кайд намудаанд... Ва албатта бе камбуди ва мушкилот нест лекин дахли хоричиёни зархарид дар ин маврид набояд бошад, хусусан Афгонистони чангзада... Фикри оли ва писандидани...

точик
Агар хамин масъулини мухталифи точикистон ба хамингуна масъалахо чавоб надиханду худашонро боз шармандатар накунанд,вале боз шармандаги боз шармандаги магар масъулитияти кумитаи дин факат чавоб додан ба каналхову хафтаномахост??????????????????????????

Мазори
Ой мардум ин чо масъалаи иктисодиву ичтимои не, ин масъалаи уммат аст. Нашрияи Хашт Субх андешаи худро оиди фарзи илохи баён намудааст, инчо масъалаи якдилии уммат меистад на масъалаи чаноби А.Юсуфов зикр намуда!!!!!!!!!

Шарофиддин
Салом ба кули мардуми шарифи Точикистон фикри банда дар ин мавзу чунин мебошад. дар тамоми кули чахон ваъзи кунунии чомеаи Авгонистонро медонанд бо имруз ба корхои дохили ва сулху суботи Точикистони азизи мо дахолат мекунад. Тахлилгар ахсан ба Шумо хакикати холро гуфтед. Охир барои чи нодида мегирад имруз дини мубини Ислом дар сатхи пастарин дар чомеаи авгонистон карор дорад. Баном мулою Толибон писаронро тачовус мекунад магар чомеаи авгонистон сари ин масъала сухаг намегуяд.

САХА
масъулини кумитаи дин ба ин шахс ба номи Абдугафор ва собик раисаш хечгох ва хеч замон такя накунед. бигзор ин вокуниш бошад, аммо аз чониби дигар корманди содик ва вокеъан арзандаи кумита.

СОМОН аз н. А.Чоми
Офарин мухтарам Абдугаффор Юсуфов.
Бедил аз шаппара кайфияти Хуршед мапурс,
Хак нихон нест, вале хиранигохон куранд.

олимҷон
касоне мисли Юсуфов бесаводанд.
наметавонанд вазъияти ҷомеаи тоҷикистонро таҳлил кунанд, ба хотири ин ки агар фишорҳои ниҳодҳои ҳукуматӣ ва..... ба мардуми мусуслмони тоҷикистон набошад, дигар касе ҷурат намекунад аз дигар кишварҳо дар корҳои дорхилии тоҷикистон дахолат кунад.
агар ҳукумат ва давлат бо мардум ва мардумӣ бошанд, дигар дар ин сурат лозим нест аз гапҳои бегонагон изҳори нигаронӣ кунанд, ин нигарониҳо нишон медиҳад ки ҳукумат ва ниҳодҳои вобаста ба он то чи андоза аз мардум дур ҳастанд.

Хеле чавоби хуб гуфт огои Юсувов. Давлати Авгонистон аввалан проблемахои даруни худ хал кунад ва бадан метавонат нисбати Точикистон сухан гуяд. Аввалан масалаи Педофилия (бачабози) е ки Фархунда ки номи он хонум дар таьрихи Авгонистон монд, бигзор ба чохиниен хуб бифахмонад. Кумитаи дин бояд вакти худро ба ин хел овозахо сарфа накунад ва кори худро ба пеш барад. Саломат бошед.

Салом ва дуруд ба хамагон. Мо бар ин фикрем, ки Ниходхои давлати мачбур нестанд ва вазифадор хам нестанд ба шабакахои мохвораии дигар кишвархо ва расонахои хабари, ки нисбати Точикистон ва вокеахои дохили он гузорише пахш мекунанд ва ё маколае чоп мекунанд, чи рост бошад чи дуруг, посух диханд. Дар ин мавридхо ба кавли машхур "Коршиносон" хастанд, ки метавонанд назар диханд ва ё гузорише диханд дар шабакахои дигар. Чавоб додан ва вокуниш нишон додан ин нишондихандаи беарзишии ниходхои давлати аст ё надонистани сиёсати кори. бигзор хар чизе менависанд бинависанд. Ниходхо бавазифахояшон амал кунанд вассалом.......Борон,
Борон,
Борон,

Пас чаро тарафи аз тарафи Точикистон дахолат мекунанд ба ходисахое ки дар Авгонистон рух медихад?.Чаро ба Бозор Собир ин харфхоро намезананд, ки дахолат накунад ва барои чанд нафари чохил ки Фархундаро ба катл расонданд хамаи мардуми Авгонистонро тахкир накунад?

Bokhtariyoni Odil
Barodar Abdugaffor Usyfov hakikat talh ast Sababi ifrotti dini shudani javononi jojik shumohon hasted dinro siyosi karded dar masjidho azbajoii amri maruf va nahi az munkar reklamai davlatro ba rohmonden bahshish SHarm namedored haq bajonibi majalaii 8 ssubhi afgoniston ast jun ruznomaho ba TVhoi afgoniston hakiatro meguyand beadolati hikumatro oshkor mekunand

саид
ҷавоби комилан аблаҳона

и чхели чавобай наход ягон оят е хадис надони чавоб дихи е метарси ки бесаводии диниат фош меша у тут мега ту бед у фикрша гуфт ту илми исбот кун ки у нохакай мисли занакчанг та,на мекни е вой сардард шудам

окил
сад дар сад дуруст чаноби тахлилгар мардуми точик мегуянд табиби кал аввал сари худро даво кунад.ё инхо кури айби худу бинои айби дигарон хастанд чи бало. афгонхоям гап мезаданд дия хап бичикед ки бодатон набарояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)