Оғози парвандаи ҷиноӣ барои “иҷозатнома”-ҳои ришу ҳиҷоб
Додситонии кулли Тоҷикистон барои таҳияи иҷозатномаҳои тақаллубӣ барои мондани ришу пӯшидани ҳиҷоб, ки дар шабакаи интернет паҳн шуданд, парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
Тибқи иттилои Додситонӣ, парванда аз рӯи моддаи 189 қисми 1 ва моддаи 340 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ боз шудааст. Моддаи 189 қисми 1 то 5 соли зиндон барои ҳаракатҳое пешбинӣ намудааст, ки ба барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд: “Инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад”.
Моддаи 340 қисми 2, ки аз рӯи он низ додистонӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст, муҷозот барои сохтакории аснодро пешбинӣ кардааст.
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ нусхаи иҷозатномаҳо барои мондани ришу пӯшидани ҳиҷоб нашр шуд, ки гӯиё аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон ба ивази 200 сомонӣ дода шудаанд.
Аммо Кумитаи дин ин иттилоъро расман рад кард. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ дар ин робита изҳор дош, “ин иҷозатнома, ки гӯиё барои ришу сатр аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, дар шабакаҳои интернетӣ нашр шуда, қалбакӣ аст ва асоси воқеӣ надорад. Аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мондани риш ягон хел андоз муайян нагардидааст ва давлат ба андози ночиз барои чунин иҷозатнома эҳтиёҷ ҳам надорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |