Мақоми дуюми шоҳмотбози тоҷик дар чемпионати Русия
Фаррух Амонатов, шоҳмотбози тоҷик дар чемпионати Русия оид ба рапид ё худ шоҳмотбозии босуръат ҷоизаи нуқрагӣ гирифтааст.
Тибқи иттилои бахши русии “Озодагон” дар қаҳрамонии Русия оид ба рапид, ки 15-уми май анҷом ёфтааст, Амонатов ва ғолиби ин мусобиқа Павел Панкратов дар натиҷаи 11 бозӣ холҳои баробар гирифтаанд: “Аммо аз рӯи нишондодҳои иловагӣ ғолибият ба Панкратов дода шудааст”.
Рапид аз калимаҳои англисии rapid chess гирифта шуда, маънои шоҳмотбозии босуръатро дорад, ки барои ҳар бозӣ аз 15 дақиқа то як соат вақт ҷудо карда мешавад. Дар чемпионати Русия оид ба рапид дар баробари шоҳмотбозони ин кишвар инчунин намояндагон аз Тоҷикистону Исроил низ иштирок кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |