Бахшҳо
12 май 2015 16:33Тоҷикистон / Видео

АКСУ ВИДЕО: Дарёфти санге бо "навиштаи Аллоҳу Муҳаммад" дар Ҳисор

Як сокини ноҳияи Ҳисор иддао дорад, сангеро бо навиштаи Аллоҳу Муҳаммад пайдо кардааст, ки беш аз панҷ ҳазор сол таърих дорад.

Бадриддин Сафаралиев, сокини ноҳияи Ҳисор имрӯз, 12 май сангеро ба дафтари “Озодагон” оварда гуфт, рӯи он калимаи “Аллоҳ” ва “Муҳаммад” навишта шудааст. Ӯ мегӯяд, сангро рӯзи 12 апрел замони чидани занбуруғ дар доманакуҳ пайдо кард: “Санг лойолуд буд, онро хона оварда шӯстам, ки ҳарфҳои арабӣ дорад. Бегоҳӣ онро гирифта, пеши домуллои масҷид бурдам, ӯ гуфт, дар санг калимаи “Салаллоҳ” навишта шудааст”.

Ба гуфтаи Бадриддин, субҳи рӯзи дигар сангро ба идораи муфтиёт овард. Як масъули ин ниҳод баъди аз назаргузарондани он гуфтааст, навиштаҳои санг - Муҳаммад (с), Салаллоҳ ва Аллоҳ аст. Оқои Сафаралиев мегӯяд, дар Шӯрои уламо ба ӯ маслиҳат додаанд, беҳтар аст, онро ба мутахассисон нишон бидиҳад. Баҳриддин ба қалъаи Ҳисор, ки онҷо археологҳо кор мекардаанд, меравад: “Ба онҳо нишон додам, гуфтанд, биё 1000 сомонӣ медиҳем сангро деҳ, дар қалъа монему гӯем, ки аз ҳаминҷо ёфтем. Аммо дар бораи таърихаш гуфтанд, ҳеч чиз намедонем”.



Ин сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, барои фурӯхтани санги ёфтааш розӣ нашуду онро бо маслиҳати чанд нафар ба Геология тоҷик овард: “Ин ҷо баъд аз як санҷиш гуфтанд, санг таърихи 270 миллионсола ва навиштаҷоти он таърихи беш аз панҷ ҳазорсола дорад”.

Ба қавли Бадриддин, баъди овоза шудани хабари пайдо кардани санг даҳҳо нафар ба хонааш омада, онро аз назар мегузаронанду фикри худро атрофи он мегуянд: “Масалан, яке аз онҳо гуфт, 1400 сол пеш номи пайғомбарро дар ҳар куҷо навишта партофтаанд”.

Ин сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, Геологияи тоҷику Осорхонаи Бостоншиносӣ аз ӯ хостаанд, сангро ба онҳо бидиҳад. Инчунин масъулини ҷамоати Ҳисор тақозо кардаанд, онро ба осорхонае таслим кунад, ки бахшида ба сеҳазорсолагии Ҳисор бунёд мешавад. Аммо Бадриддин мегӯяд, то таърихи дақиқи сангро муайян насозад, онро ба ягон ҷой намедиҳад.


АКСУ ВИДЕО: Дарёфти санге бо "навиштаи Аллоҳу Муҳаммад" дар Ҳисор
Мӯҳр
Азамат
Ин қадар сода. Ин қадар муъҷизот дар атрофи мо зиёданд, ки ҳеч ниёз ба навиштаҷоти руи сангу болои абр нест. Хурофоте, сангпарастие беш нест...

Фирдавси
Ман пойгохи хабарии Озодагон-ро гах гохе мурур мекунам муттаасифона инчо тозизодагони бехудагу ва таваххумзада ин кадар зиёданд ки як харфое як харфхое хама механдад бародаро хохаро тамоми олам хандида истодаст аз ин тафаккури бебуну асоси мо. дар дунё як кашфиёт нашавад онро хазрати фалон ибн фалон гуфта буд як авария як ходисаи мудхиш нашавад мебаранд ба Куръону хадису Маккаву мадина мечаспонанд. Охир ин як идеология аст як идеология худди намояндагонаш аксараш хам рад карданд бисёр фикрхояшро ва бештарини касоне ки ин идеологияро накд карданд аз Башор ибни Бурд то Рованди Розиву дигархо муттассифона ё кушта шуданд ё сарсону саргардон зистанд аз дасти ин сангёбхо. ва бештарини уламои хамин дин хам аз сарзаминхои мо аст аз мухаддисаш огоз то ахли фикху хамма чизаш. дигар ин ки бархе конохо иддао доранд ки мо кабл аз ислом чизе надоштем ва ислом омаду мо сохиби бузургони оламшумул шудем( бояд гуфт ба чуз аз як мушт шоир дигар хеч донишманде бо ин тафаккур созиш накард, шоирон хам мисли зиндониёне ки аз ночори мераксиданд ру ба софистикаи Юнон ниходанд) бояд ба ин савол чавоб бидиханд ки фарз мекунем ин харфатон дуруст пас чаро ин ислом ба Эфиопияву ба Мисру ба Испания рафт ва ин кадар бузургони оламшумул надод он сарзаминхо? Чаро ё сарзаминхои мо ягон чизе дошт ки ислом хам омаду бо фарханги буми омезиш ёфт? Тарихдонон файласуфони азиз ба ин мардуми бечораи нодон ин масалара рушан кунед илтимос?! аз макомоти дахлдор ам хохиш мекунем ки пеши ин маризиро бигиранд ин чи гап худаш охир!!

Мусулмонзода
Дар ин навиштачот любой инсони фахими,форсихон арабидон ва аз осори хатти бохабарро пурси мегуяд ки дар натичаи бодхурдашави як шакле пайдо шудааст ки шабех ба мим-и форсист дигар хеч чиз маълум нест. Аллох ро хам ва Мухаммад ро хам масхара карданд уво охи агар пайдо кунондан хоханд номашонро акаллан дар сари Статус Свобода,, девораи Кремлу Чин, Акрополису Персополис пайдо мекардагистанд обруи хамувоям бурди ба Худо!!!

Геолог
Локин кашфиёти асосиро геологхои тоҷик кардаанд, ки "навиштҷоти он таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад" Э кандотуна занен Коил кадед лекин! акнун фаҳмидем, ки барои чи 25 сол боз як чохи нафт ёфтан наметонен.
Ин сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, барои фурӯхтани санги ёфтааш розӣ нашуду онро бо маслиҳати чанд нафар ба Геология тоҷик овард: “Ин ҷо баъд аз як санҷиш гуфтанд, санг таърихи 270 миллионсола [b]ва навиштаҷоти он таърихи беш аз панҷ ҳазорсола дорад”.

Мусалмон
ТОЧИК
Офарин Озодагон. Чунин хабархоро зиёдтар нашр кунед мардум хакикатро фахманд. Худо эмони комил дихад ба кулли кормандони Озодагон.

Али
Рамазан
Оллоху Акбар)))))))

Беха
шмо чхел фамиден ки ика сол пеш бд ? шмо ягон апарат дорен? Оллоху Акбар

муриди Шайх темур
Магар мо барои шинохтани Парвардигорамон ниез ба санги лойолуд дорем. ё мехохем ба даврони чохилият баргардем . Мо аминем ки Аллох якка ва ягона ва кудраттар ва тавонотар аз У касе нест ва донистани ин барои мо басанда асту ниез ба сангпарасти надорем.

subxan olox inro az gujo eftiyan

Ба ширк рох надихед.Ин факат як шабехият дар табиат.Ин шабехиятхо дар абрхо мушохида мешавад Боре инро дар гусфандехам дида буданд.Имонатонро кавй нигах доред,то ки калимаи Шаходат ботил нагардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)