Бахшҳо

Қироншоҳ Шарифзода: “Журналистӣ касбест, ки тавба надорад”

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Дар ин моҳ, дар арафаи таҷлили Рӯзи озодии баён коршиносон ҳадсу гумон заданд, ки минбаъд фазо барои матбуоти озод танг хоҳад шуд ва эҳтимолан дар чанд соли пасин фаъолияти бархе расонаҳои мустақил маҳдуд шавад. Ин нигарониҳо аз он маншаъ гирифт, ки дар чанд соли ахир фишор болои расонаҳои мустақил афзоиш ёфта, бархе рӯзноманигорони озодандеш аз журналистика канор рафтанд. Бо таваҷҷуҳ бар ин масоил хабарнигори “Озодагон” бо коршиноси масоили расонаҳо -- Қироншоҳ Шарифзода суҳбате анҷом дод ва нухуст нигаронии коршиносон дар мавриди ояндаи расонаҳои мустақилро дар миён гузошта, пурсид, он то куҷо асос дорад?


Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: “Вазъи озодии баён, ки бо ибораҳои “озодии матбуот”, “озодии сухан” низ ифода мегарданд, дар ҳар кишвар ба вазъи умумии рушди низоми демократӣ вобаста аст. Тоҷикистон расман бунёди давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро эълом доштааст, аз Сарқонун то қонунҳои соҳавӣ, даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ бо ин маъно қабул шудаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳайси узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо эътирофи даҳҳо асноди байналмилалӣ, масъулиятҳои муайян баҳри пайравӣ ба арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла дар масъалаи озодии баёнро ба дӯш дорад. Яъне, бо чунин амал давлат озодии баёнро кафолат дода, ҳамзамон дар назди ҷомеа низ масъулият ба зимма гирифтааст. Лек набояд фаромӯш кард, ки ҳар давлат ба хотири пешгирӣ аз сӯиистифодаи озодии сухан вазифадор аст озодии фаъолияти журналистиро ба танзим дарорад ва гоҳо санаде қабулшаванда аз ҷониби мақоми қонунгузор ва ё тасмими гирифта аз ҷониби мақоми судӣ, ҳамчун фишор ва ё маҳдудсозии озодии сухан маънидод мегардад”.

Озодагон: Пас фикр мекунед, нигаронии коршиносону рӯзноманигорон аз маҳдудшавии вазъи озодии сухан бе поя аст?

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: “Не, ҳаргиз. Ман ҳоло танҳо вазифаву масъулияти давлатро дар амри кафолатҳои озодии сухан дар раванди татбиқи консепсияи озодии масъулиятноки матбуот, ки бинобар тақозои замон барои ҷомеаи журналистии кишварҳои рӯ ба рушди ҷаҳон хос асту Тоҷикистони мо низ пайравӣ ба он дорад, ёдрас шудам. Чун паҳлӯи дигари масъалаи озодии матбуот ба масъулият тавъам аст, набояд фаромӯш кард, ки ин озодиро танҳо бо дарку эҳсос ва риояи масъулияти он метавон истифода ва ҳифз намуд. Масъулияти на танҳо идораи нашрияҳо ва рӯзноманигорон, балки эҳсоси ин масъулият аз ҷониби ҳар нафаре, ки тавассути матбуоти даврӣ барои дигарон менависад, аҳли ҷомеае, ки матбуоти даврӣ барои онҳо вуҷуд дорад ва онҳо ин матбуотро манбаи иттилоот ва минбари афкори худ меҳисобанд. Матбуоте таъсиргузору нерӯманд аст, ки баҳри дифоъ аз манфиатҳои ҷомеа фаъолият мекунад ва дар навбати худ аз ҳамкорию ҳамдастӣ ва пуштибонии ҷомеа бархурдор аст. Зеро вазъи озодии баён ба ҳайси як ҷузъи бунёдии озодиҳои сиёсӣ, новобаста аз хоҳиш ва ё талоши ниҳоди алоҳида, шахси алоҳида ва ё идораи расонаи алоҳида, ба сари худ наметавонад беҳбуд ёбад, вале ҳамзамон бо таъсиру фишори ниҳоде ва ё шахси алоҳида имкон дорад бад шавад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам таҳрикдиҳанда ва танқидкунанда пеш аз дигарон воситаҳои ахбори омма ва худи журналистон бояд бошанд”.

Озодагон: Чаро маҳз ВАО ва журналистон? Дигар ниҳодҳо чӣ?

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: “Бо ду сабаб. Аввал, ВАО худ ниҳоди сиёсии иҷтимоиест, ки дар баробари самари ҷомеаи демократӣ будан, ҳамзамон ташаккулдиҳандаи ҷомеаи демократӣ ва як восита ё нозири равандҳои рушди он низ мебошад. Дуюм, дигар ниҳодҳои сиёсию иҷтимоии мо, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, ҳанӯз ба нерӯе табдил наёфтаанд, ки дар раванди демократисозии давлат ва ҷомеа баробари шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар мубоҳисаи мунтаззаму таъсиргузор қарор дошта бошанд. Ин хуб аст ё не, чунин вазифаи аҳзоби сиёсиро имрӯз матбуоти даврии мустақил ба дӯш дорад”.

ДАР ХУСУСИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТӢ, ХУДСОНСУР ВА БАҲОИ “ХОНАИ ОЗОДӢ”

Озодагон: Ба назари Шумо баҳои созмони байналмилалии “Хонаи озодӣ” дар хусуси озодии расонаҳо дар Тоҷикистон, ки гуфт, аз ҳамсоякишварҳо пешсаф аст, то куҷо воқеист? Магар Тоҷикистон аз Қирғизистон ҳам пешсафтар аст?

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: “Баррасӣ ва баҳогузории кишварҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Хонаи озодӣ” дар хусуси риояи озодии баён, ба чандин шохисҳо ба мисли таъқибу фишори журналистон, қатли онҳо, аз қониби ҳукуматҳо басташавии расонаҳо, қазияҳои беасоси судӣ ё қарорҳои ноадолатонаи онҳо асос меёбад. Дар тӯли соле, ки “Хонаи озодӣ” натиҷагирӣ кардааст, шохисҳои баррасии вазъи озодии баён дар ҷумҳурии мо назар ба ҳамсоякишварҳо, ба гуфти Шумо аз Қирғизистон ҳам, беҳтар будааст. Хуб, ин назари коршиносон аз хориҷ аст, ҳарчанд дар баррасии онҳо хабару гузоришҳои расонаҳои дохилии Тоҷикистон низ ба инобат гирифта мешавад. Вале баҳои воқеии вазъи ҷории озодии баёнро хонандаву шунавандаву бинандагони ВАО-и Тоҷикистон медиҳанд ва аз назариёти интиқодии фаровони дар шабакаҳои интернетӣ интишоршаванда метавон хулоса кард, ки чунин вазъ мабнӣ ба хушбинӣ нест”.

Озодагон: Дар маҳфили анъанавии бахшида ба Рӯзи озодии сухан дар Душанбе бархе хабарнигорон аз шеваи кори созмонҳои дифоъи ҳуқуқи журналистон интиқод карданд, ки онҳо ба ҷуз аз пахши изҳорот дигар иқдоми амалӣ барои ҳимояи ҳуқуқи журналистон анҷом намедиҳанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки ин шеваи амалкард боиси он шуда, ки журналистон ба худсензура даст бизананд ва озодии баён халалдор шавад. Ба назари Шумо, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон то куҷо вазифаашонро дуруст ва бекаму кост иҷро мекунанд?

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: “Манзур аз “созмонҳои дифоъи ҳуқуқи журналистон” агар созмонҳои ҷамъиятие мисли Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон, ки дар ҷумҳуриамон ҳудуди 15–тоанд, бошад, онҳо дар чаҳорчӯби ваколату салоҳият ва қудрату тавонашон баҳри рушди журналистика фаъолият доранд. Баргузории маҳфилу семинарҳои омӯзишии такмили касбият, аз ҷумла доир ба ҳуқуқи журналистон, мубоҳисаҳои мавзӯӣ, ширкат дар нишасту ҷаласаҳои мақомоти ҳукуматӣ ба хотири ироаи мушкилоти ҳамкасбон ва дарёфти роҳҳалли онҳо, таҳияи дархосту пешниҳодот баҳри беҳбуди фаъолияти расонаҳо, аз қабили тадбирҳои андешандаи созмонҳои ҷамъиятӣ ҳастанд. Ҳамон пахши изҳорот низ намунаи огоҳ будан аз мушкили пешомада ва ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор ба ҳалли масъала аст. Созмони ҷамъиятӣ иттиҳодияҳои ихтиёрии худи журналистон буда, таъсиргузорӣ ва самарабахшии фаъолияташон аз ширкат, мавқеъгирӣ, ҳамёрию якҷо анҷом додани амали аъзои он созмон вобаста аст. То куҷо фаъол будани аъзои созмонҳои ҷамъиятии журналистиро ба баҳс накашида, барои андеша, саволи оддие пеш гузоштаниам: чанд дарсади аъзои созмони собиқадору сернуфусамон – ИЖТ, ҳаққулузвиятро мунтаззам пардохтааст?

Ба худсензура даст задани журналистон на чандон ба фаъолияти созмонҳои журналистӣ, балки бештар ба шеваю усули кори ҳамарӯзаи худашон рабт дорад. Худсензура аслан чист? Агар сензура назорати ғайриқонунӣ аз ҷониби шахс ва ё мақоми муайяне аст, пас худсензура назорат бар худ аз ҷониби худ мешавад. Худсензура дар тарзи баён ва нигориш бошад, бадие надорад, чун қаламкашро водор месозад дурӯғ нанависад, дар нисбати шахсе носазо нагӯяд, арзишҳои фарҳангиро поймол насозад, дар умум ба дигарон бадиро раво набинад. Ба ибораи дигар, ин гуна худсензура нишонаи зуҳури ғайриихтиёрии худтанзимкунӣ аст. Худсензура дар мавриди истифода набурдан ва ё амдан таҳрифкорона инъикос намудани факту далел дар матлаби чопӣ бад аст. Ин навъи худсензура маъмулан дар натиҷаи хуб сарфаҳм нарафтани мавзӯъ, муътамад набудани факту далоили ҷамъоварда, дудилагӣ аз манбаи иттилоот, зоҳир мегардад”.

“МАРДУМИ ДЕҲОТ ҚУДРАТИ ХАРИДАНИ НАШРИЯҲОРО НАДОРАНД”

Озодагон: Бархе раҳбарони нашрияҳо мегӯянд, “аз шароити мавҷуд дар Тоҷикистон хаста шудем ва агар вазъ ҳамин тавр идома кунад, шояд аз журналистика канор биравем”. Ба назари Шумо оё воқеан шароит хастакунанда аст?

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: “Шароит барои фаъолият дар соҳаи журналистика, ба хусус матбуоти даврии он, дар ҳеч замоне роҳат набудааст, аз ин ҷост, ки таъсири манфии касби журналистиро ба вазъи саломатӣ ва асабоният бо касбҳое вазнин чун нақбканӣ, дар як радда гузоштаанд. Фаъолияти журналистӣ маъмулан дар раванди воқеаҳои сиёсӣ, ба мисли интихоботҳо, мушкилтар мешавад, вале дар ҳақиқат, шароитҳои Тоҷикистони мо ба ин “марҳилаи тоинтихоботӣ” ва “марҳилаи баъдиинтихоботӣ”-ро низ афзудааст. Дахолати ғайриқонунии мақомоти иҷроия, фишорҳои бемоя тавассути мақомоти судӣ дар чунин марҳилаҳо, рӯзноманигорон ва бештар аз онҳо муассисони нашрияҳоро, дилтангу асабӣ, гоҳо руҳафтода месозанд. Вале журналистӣ касбест тавба надорад. Касе ин касбро бо амри дил баргузидаву рисолати касбию шаҳрвандиашро баҳри хидмат баҳри озодию ободии кишвару ҷомеа интихоб кардааст, ба рағми фишору таъқиб, навмедию нокомиҳои даргузар, аз ин самт берун нахоҳад рафт”.

Озодагон: Яке аз авомиле, ки дар оянда шояд боиси суқути нашрияҳои мустақил шавад, иқтисодӣ аст. Ба назари Шумо расонаҳои мустақил ҳоло тавони онро доранд, ки дар ин буҳрони иқтисодӣ тавонмадии молии хешро ҳифз кунанд?

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: “Омили иқтисодӣ на танҳо барои “бо хотири ҷамъ” фаъолият кардан ва худро мустақил нигоҳ доштани нашрияҳо мусоидат менамояд, балки аз омилҳои аслӣ ва дар раванди ҳодисоти муайян, фишанги таъсиргузор барои ҳифз карда тавонистани озодии баёни онҳо низ мебошад. Нашрияҳое барои он мустақил унвон доранд, ки пеш аз ҳама, аз ҷиҳати молӣ дастнигари касеи дигар нестанд. Чунин таъриф ба аксари нашрияҳои ба истилоҳ мустақили мо, пурра мувофиқат менамояд, чун муассисон ё бунёдгузорону ҳамзамон сармуҳаррирони нашрияҳои ғайриҳукуматии мо шахсони воқеӣ ва ё созмонҳои ҷамъиятии зери роҳбарии онҳо ҳастанд, ки ҳолати мазкур мустақилияташонро ҳифз мекунад.

Имрӯз мутаассифона, манбаъҳои дарёфти маблағ барои аксари расонаҳои мустақили мо маҳдуд аст. Ҳарчанд қонунгузорӣ имкон медиҳад, вале онҳо бо сабабҳои гуногун танҳо аз фурӯши маҳсулот ва реклама бархӯрдор ҳастанду бас. Аз ҳамин ду манбаъ ҳам, на ҳамеша, на ҳама баробар метавонанд истифода баранд. Фурӯши нашрияҳо дар шаҳрҳо торафт коҳиш меёбад ва як сабаби инро таваҷҷуҳи бештари истеъмолгарони иттилоот ба манбаъҳои интернетӣ ҳисобем, сабаби дигар ҳамоно маҳдуд сохтани фурӯши нашрияҳо дар кӯчаву хиёбонҳои серодами марказҳои шаҳрҳо метавонад бошад. Мардуми деҳот аз як тараф қудрати харидории нашрияҳои зиёдро надошта бошад, бинобар гарон афтодани тавзеъ, ҳамон теъдоди камтари нашрияҳо ҳам то деҳот намерасанд.

Реклама, ки дар кишварҳои пешрафта манбаи асосии дарёфти маблағи нашрияҳост, бинобар рушди зарурӣ надоштани тиҷорат ва хизматрасонӣ ва ё пинҳонию нимпинҳонӣ амал кардани ширкатҳои тиҷоратӣ дар кишвари мо, ҳанӯз чунин мақомро соҳиб нагардидааст. Ҳамон ҳаҷми мавҷудаи реклама низ ба иллати “ба боло хуш наомадан”-и нашрияҳои мустақил, то расонаҳои ғайриҳукуматӣ намерасанд.

Дар ҳоле ки барномае ё аққалан дастурномаи давлатӣ дар бораи дастгирии нашрияҳои мустақил вуҷуд надорад (бинобар мавҷудияти “нашрияҳои ҳукуматӣ” ва “ғайриҳукуматӣ” сурат гирифтани чунин дастгирии давлатӣ зери суол мемонад), илоҷи кор боз ҳам дар дасти худи нашрияҳои мустақил, ба ибораи русӣ “халосии ғарқшавандаҳо дар дасти худи ғарқшавандаҳо” аст”.

"ЛОИҲАИ 300 ЕВРОИИ МАТБУОТ БО САБАБИ ИХТИЛОФОТИ “МЕДИАМАГНАТ”-ҲО АМАЛӢ НАШУД”

Озодагон: Дар ин росто бархе аз амалӣ нашудани Лоиҳаи 300 ҳазор евро бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, ки мақсад беҳ кардани вазъи расонаҳои мустақил будааст, суҳбат мекунанд. Ба фикри Шумо чаро ин Лоиҳа амалӣ нашуд ва агар амалӣ мешуд, вазъи расонаҳои мустақил беҳтар мешуд ё на?

Қироншоҳ Шарифзода: “Журналистӣ касбест, ки тавба надорад”Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: “Лоиҳае, ки мегӯед, дар ҳақиқат мақсади мусоидат ба тавзеҳу фурӯши бонизоми нашрияҳои мустақил ва ба ин васила устуворгардонии вазъи молии онҳоро дошт. Маблағгузорони эҳтимолии он Дафтари САҲА дар Душанбе ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо назардошти вазъи парешон ва номукаммалии тавзеъи нашрияҳо дар ҷумҳуриамон, ба нияти қонеъсозии дархости ҷомеаи журналистӣ, аз оғоз кори зиёди омӯзишиву омодагиро созмон доданд. Бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ва коршиносони ватанӣ барои роҳбарони ширкату идораҳои расонаҳо чандин семинарҳои амалӣ ва баҳсҳои “Мизи мудаввар”-ро баргузор намуданд, ки таҳияи тарҳи Ойинномаи Кооперативи “Матбуот” ва қабули он натиҷаи ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ буд. Маблағгузорон бо ваъдаи пешниҳоди маблағи бурсӣ, як шарт пеш мегузоштанд: фаъолияти Кооперативи “Матбуот” ҳадафгир бошаду шаффоф ба роҳ монда шавад. Он тарафаш дар ихтиёри ҷомеаи журналистии Тоҷикистон буд”.

Озодагон: Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон чӣ кор кард?

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: ”Коре кард, ки натиҷааш, аниқтараш бенатиҷагиаш, бароятон маълум аст. То ҷое ки дарак дорем, Сафорати ИМА барои пиёда намудани лоиҳаи мазкур омода буд 200 ҳазор доллар маблағ ҷудо намояд ва барои марҳилаи аввал 50 ҳазор доллар пардохт ҳам кард, ки аз ҳамон ҳисоб мошину техникаву таҷҳизоти лозима харидорӣ шуда, ба якчанд корманд маош ихтисос дода шуд. Вале дар баробари ба кор шурӯъ намудани Кооперативи “Матбуот”, “гилемро ба сӯйи худ кашидан”-и аъзои Шӯрои директорон – “Медиа-магнат”-ҳоямон низ сар шуд, ки ҳар кадом мехост дар рафти татбиқи Лоиҳа манфиати идорааш бештару беҳтар ҳифз гардад, дар идоракунии кооператив суханаш ҳалкунанда бошад. Дар ниҳояти кор, ихтилофоти дохилиидорӣ ва ба самти дуруст пеш нарафтани фаъолияти Кооперативи “Матбуот” маблағгузор ва дигар донорҳои эҳтимолиро аз муваффақнокии Лоиҳа ноумед сохт”.

Озодагон: Яъне, дуруст роҳандозӣ нашудани идораи фаъолияти Кооперативи “Матбуот” Лоиҳаро номуваффақ гардонид?

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА: “Бале. Менеҷменти номуваффақи Кооперативи “Матбуот” аслан аз ибтидои Лоиҳа пешгӯишаванда буд, чун лоиҳаи мазкур ба хотири дастгирии нашрияҳои ҷамъиятии навтаъсис барои ба сатҳи дигар нашрияҳои нисбатан устувор баровардани онҳо ва дар ин замина мусоидат ба устуворгардии нашрияҳои мустақил дар бозори иттилоот, тарҳрезӣ гардида буд. Баҳри амалигардонии ғояи мазкур мебоист созмони ҷамъиятӣ, на тиҷоратӣ, таъсис меёфту фаъолият пеш мебурд. Лекин дар рафти баррасию муҳокимаҳо шояд бо маслиҳати ҳуқуқшиносҳои худ, соҳибнашрияҳои бонуфуз моҳияти Лоиҳаро тағйир доданд. Гузашта аз ин, ҳамон хӯю хислатҳои ҳамдигарнофаҳмӣ, ҳамдигарнописандӣ, худхоҳӣ, ки сабаби аслии рушд накардани ҷомеаи шаҳрвандии мост, дар қазияи Кооперативи “Матбуот” низ аз омилҳои таъсиргузор ва ақибкашандаи фаъолият гардид”.
Мӯҳр
Кунгурот
Дигар одам наёфтед барои мусохиба? Ин худаш ким?

Мухтарам Кунгурот,
Ин кас Кироншо Шарифзода, яке аз собикададорони матбуоти точик, хабарнигори мумтозу хакикатнигор, омузгори факультаи журналистикаи Донишгохи Миллии Точикистон. Газета хондан даркор, чаноби Кунгурот.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)