Бахшҳо
28 апр 2015 15:22Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷумъабой Сангиновро ба нафақа гусел карданд

Ҷумъабой Сангинов аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд барканор шудааст.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилоят, имрӯз, 28 апрел ба хабаргузории “Озодагон” далели барканории оқои Сангиновро “ба синни нафақа расидан”, гуфт.

Ҳанӯз маълум нест, ки курсии ӯ ба ихтиёри кӣ гузошта мешавад.

Ҷумъабой Раҳматович 22 феврали соли 1952 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд ёфтааст. Соли 1974 Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиники №1-и шаҳри Душанбе оғоз карда, минбаъд аз соли 1976 то 1980 дар беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтури ҷарроҳ, муовини сардухтури ноҳия фаъолият бурдааст. Аз соли 1980 то 1982 ординатураи клиникиро дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон хатм намуда, дар беморхонаи шаҳрии клиникии № 5-и шаҳри Душанбе ба ҳайси духтури ҷарроҳ ва баъд мудири шӯъба то соли 1985 кор кардааст. Аз соли 1985 то соли 1987 сардори шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, солҳои 1987-1991 сардухтури диспансери ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, солҳои 1991-1996 сардори Раёсати тандурустии ҳукумати шаҳри Душанбе буд. Аз соли 2000 то 2011 се даъвати Маҷлиси Олӣ (II, III, IV) вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи медали ҷашнии 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Доктори илмҳои тиб, профессор.Аз 7 январи соли 2011 дар мувофиқат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷумъабой Сангинов муовини аввали Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.
Мӯҳр
Darvesh
Sadqam shavam Tojikiston o I tabib chi kor mekunad dar hukumati viyoyot???? AJABO vo AJABO ana hmiqadar sol mardumro fireb karden va jarohi karden bo rohbari JARROH!!!!!!!!!!!!!!!

Дареғо, ки олиме, ки бояд барои илм кор мекард ба ҳошияи як вилоят ронда шуд ва бе ҳеч корномае ба таърих партофта шуд. Охирин "амали неки" ин доктори илм он буд, ки дар ноҳияҳои Исфара ва Масчоҳ, ки шаробнӯшон тадриҷан кам мешаванд, амр дод, ки дуконҳои арақфурӯшӣ кушоянд. Ба муаллимҳову духтурҳо ва дигар зиёиҳо ҳам пӯписа кардааст, ки чаро туйҳои замонавӣ (яъне бо арғушту арақ) барпо намекунед!? Ёди ин сиёсатмадори ноком ба хайр!

Ин Чаррох чун санъаткор Ч.Муродов дар парлумон ширкат доштанду баъд ба вилоят фиристодан дия! ба ивази "хизматхо"

Шукри худо аз вазифа рафтед! Шумо манфиати шахсии худро аз манфиати халки точикистон боло донистед! Аз хисоби ким кадом хоричахо манфиати яхудиенро химоя карда хостед дар мастчоху исфара аракнуширо чори кунед! Бордоркунии сунъиро чори кардед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)