Муҳоҷирони бодирингу картошкапарвар аз супоридани имтиҳон озод мешаванд?
Русия муҳоҷирони кории хориҷиеро, ки дар бахши кишоварзӣ фаъолият мекунанд, аз супоридани имтиҳони забони русӣ озод мекунад.
Вячеслав Астанков, вакили Думаи давлатӣ аз вилояти Воронеж ба рӯзномаи “Известия” гуфтааст, қарор аст то охири моҳи ҷорӣ лоиҳаи қонун оид ба озод кардани муҳоҷироне, ки ба боғу токпарварӣ ва парвариши бодирингу картошка машғуланд, аз супоридани имтиҳони ҳатмии забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия, ба Дума пешниҳод гардад. Ӯ гуфтааст, барои супоридани санҷиш ва дарёфти иҷозати кор вақти зиёд сарф мешавад, дар ҳоле ки минтақаҳо ба нерӯи корӣ ниёз доранд ва гузашта аз ин хатари талафи маҳсулот зиёд мешавад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати фарҳанги Русия эълон карда буд, лоиҳаи қонун дар бораи аз супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия озод кардани мутахассисони баландихтисоси эҷодӣ, соҳаҳои гуногуни театр, директорони намоишгоҳи санъатӣ, сирк ва дигар мутахассисони соҳаи фарҳанг омода ва пешниҳод шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |