Дар вилояти Суғд 84 ҳазору 95 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, нақшаи солона ба 77 фойиз баробар гардидааст.
Дар ин бора аз раёсати кишоварзии вилоят ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд.Қаҳрамон Ҷӯраев, сармутахассиси идораи мазкур мегӯяд, дар маъракаи имсолаи ғунучини ҳосил аз нерӯи донишҷуёни донишгоҳҳо ва мактаббачаҳо умуман истифода нагардидааст ва ҷамъоварии ҳосил аз ҳисоби заҳмати кормандони кироя амалӣ мешавад. Номбурда афзуд, ҳаққи меҳнати чинакчиён барои ҳар як килои пахта ба 50 дирам расонда шудааст, ки 10-15 дирам болотар аз соли гузашта аст.
Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, 10-15 дирам боло бурдани арзиши ҳар як килои пахтаи чидашуда дархури меҳнати кишоварзон нест ва роҳи халосӣ аз мушкилоти иқтисодӣ хам нахоҳад буд. {jathumbnail off}
Мӯҳр