АКС: Варзишгарони тоҷик аз Туркия 10 медал оварданд
Варзишгарони навраси тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия оид ба Каратэ-кёкушинкай соҳиби 10 медал шуданд.
Ин сабқат аз 17 то 19 апрел дар шаҳри Истамбули Туркия бо иштироки беш аз 110 варзишгар аз 6 кишвари ҷаҳон -- Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Сурия, Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуд. Ҳайати дастаи Точикистон аз 14 нафар (бо шумули довар, мураббӣ ва сармураббӣ) иборат буд. Неъматулло Акбаров, сухангӯи Федератсияи Кёкушинкай-каратэ-дои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, Меҳроҷиддин Кароматов, Нуруллои Муҳаммад, Абӯалӣ Дӯстматов ва Эраҷи Қосим нишонҳои тилои сабқатро ба гардан овехтанд. Довуд Бозоров, Сорбони Султон, Бекмуроди Абдулваҳоб, Ёқубҷон Сафаров ба дарёфти медали нуқра ва Султон Наҷмиддинову Мирзобобои Муҳаммадӣ ба дарёфти нишони биринҷӣ мушарраф шуданд.
Ҳикматулло Кароматов, президенти Федератсияи Кёкушинкай каратэ-дои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ғолибони ин мусобиқа барои иштирок дар Мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон ва Мусобиқаи Ҷаҳон, ки имсол дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ва ё ИМА доир мегардад, роҳхат гирифтанд: “Федератсия ҳамасола дар сатҳи шаҳр ва ҷумҳурӣ мусобиқаҳо доир мекунад, ки ин раванд барои дарёфти варзишгарони болаёқат ва дар оянда узви мунтахаби ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Ғолибони мусобиқаи мазкур ҳам ҷоизадорони мусобиқаи шаҳри Душанбе мебошанд”.
Варзишгарони тоҷикро рӯзи гузашта, дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт мухлисон, волидон ва донишҷӯёни парчамбардори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов пешвоз гирифтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |