Зикр гардид, ки феълан дар қаламрави вилоят аз тарафи соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсоли ангиштсанг ва иттифоқҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳо 690 нуқтаҳои фурӯши ангиштсанг ва 214 нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ташкил шудааст, ки нисбат ба мавсими соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад.Дар ин нуқтаҳои фурӯш ба санаи 1 октябри соли 2011 зиёда аз 57,5 ҳазор тонна ангишт ба эьтиёҷоти аҳолӣ фурӯхта шуд. Аз ҷониби иттифоқи тоҷикматлубот шартномаҳои тарафайн ба миқдори 8800 тонна бо корхонаҳои истихроҷи ангиштсанг ба имзо расидааст. Дар корхонаҳои истихроҷи ангишти вилоят 67257 тонна ангишт истеҳсол гардидааст, ки нисбати соли гузашта 17424 тонна зиёд аст.
Ҳамчунин дар ҷаласа муовини раиси вилоят Қобилов А. оид ба ҳолати корҳои кишоварзӣ, вазъи чиниши пахта ва кишти тирамоҳӣ дар вилоят гузориш дод. Қайд гардид, ки то имрӯз кишоварзони вилоят зиёда аз 70 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркард супориданд, ки ба 66,7 фоизи нақшаи солона баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29,3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар пешсафии маърака ҳиссаи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Конибодом ва Мастчо назаррас буда, то ин давра мутаносибан 95, 90 ва 77 фоизи нақшаи истеҳсолии пахтасупориро таъмин намуданд.
Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд дар қатори масъалаҳои ҷорӣ ба ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла буҷету андоз, тақсими замини наздиҳавлигӣ, муроҷиати шаҳрвандон, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дахл намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дод. «Соли 2012 20-солагии Иҷлосияи XV1-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида буд, ботантана таҷлил мегардад. Мардуми вилоят бояд ба ин ҷашни таърихӣ аз имрӯз омодагии ҳамаҷониба дида, онро бо дастовардҳои арзандаи созандагию истеҳсолӣ, бо рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ истиқбол намоянд»,-таъкид дошт Расулзода.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |