Бархӯрди маргбори ду мусофирбар дар Душанбе
Дар пайи бархӯрди ду мошини тамғаи “старекс”, ки расман дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул будаанд, якеаш чаппа шуда, боиси марги одам шудааст.
Тавре аз мақомоти умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аввали ҳафтаи равон, ронандаи 20-сола, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе бо суръати баланд ба “старекс”-и дигар, таҳти идораи ронандаи 27-сола бархӯрдааст: “Дар натиҷа “старекс”-и дуюм чаппа шуда, тифле, ки дар дохили он будааст, ҷароҳати вазнин бардошта ба ҳалокат расидааст”.
Ин қазия дар ҳолест, ки бисёре аз сокинони Душанбе аз он шикоят мекунанд, ки ронандаҳои ҷавони мусофирбарҳо дар пойтахт баъзан бо ҳам сабқат карда, ҷони мусофиронро дар хатар мегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |