Бахшҳо

Зайд Саидов айбҳои навашро "афсонаю туҳмат" хонд

Мурофиаи парвандаҳои нави Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик баъди ду моҳи таъхир ва иваз шудани се раисикунанда, рӯзи 9-уми апрел дар “СИЗО”-и Душанбе, таҳти раисии Савриддин Тошев аз сар гирифта шуд.

Наздикони Зайд Саидов ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки худи Зайд Саидов дар мурофиаи 9 апрел баъди шунидани баромади айбдоркунандаи давлатӣ, дар назди раисикунандаи нави мурофиа-Савриддин Тошев, ҳамаи иттиҳомотро алайҳи худ рад карда, онҳоро “афсонаю туҳмат” хондааст.

Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дода буд, ки раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов Алпомиш Акбаров ба беморӣ гирифтор шуда, ба ҷои ӯ додрас -- Мирзо Каримов минбаъд мурофиаҳои Саидовро пеш мебарад. Аммо баъдан Мирзо Саидов низ дар канор монда, раисии мурофиаҳои Зайд Саидов ба Савриддин Тошев вогузор шудааст. Наздикони Зайд Саидов мегӯянд, иллати зуд-зуд иваз шудани додраси мурофиа барояшон маълум нест.

Қаблан низ дар пайи тағйирот дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва иваз шудани намояндагони Додситонии кулл дар мурофиаи Саидов баррасии парванда то 3 март мавқуф гузошта шуд. Аммо баъди 3 март низ дубора мурофиаҳои ин соҳибкори зиндонӣ ба таъхир уфтод.

Манобеи “Озодагон” ин ҳолатро ба ивазшавии додрас ва шикояти як шаҳрванди ветнамӣ аз Зайд Саидов гуфтанд. Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов дар доираи парвандаҳои иқтисодияш аввалҳои моҳи феврали соли равон дар СИЗО оғоз гардида буд. Қабл аз ин Зайд Саидов бо ирсоли як нома ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии Тоҷикистон бо далели набудани сири махфӣ дар парвандаҳои иқтисодияш хост мурофияҳои ӯ дар бинои Суди олӣ бо ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ гузарад, ки дархосташ аз ҷониби дораси парванда рад карда шуд. Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст. Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили Зайд Саид мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.
Мӯҳр
Зайд Саидов шахсест, ки барои Хукумати Точикистон ва халки он зарари зиёде расонидааст. Бар зами ин бо худро дар содири чиноят гунахгор намехисобад. У ба гайр аз чиноятхои иктисоди боз дигар чиноятхоро содир кардааст, ки ин ба хамагон маълум аст. Боз нафароне пайдо мешаванд, ки дар додгох аз у пиштибони намуда, уро бегунох мегуяд. Пас кучост он адолати ичтимои. Бинобарин аз додгох хохиш мекунем, ки барои ин чинояткори ба гуфти худ бегунох чазои абади дода шавад, ки ни кадар пули давлат ва мардумро бо рохи фиреб аз худ намуда, кайфу сафо карда гашта буд.

Афсонагу чи сафсата мехони,ба хама малум АСТ,ки барои чи УРО зиндони кардиян,ПАТИЯ бозхам ПАРТИЯ
[

Дар дунё одами бе гунох нест. Лекин гуноххое, ки Зайд кардааст ба миллати мо хатар дошт. Чихел фарзанди миллат шуда бар зидди миллату давлати худ чунин гуноххоро содир мекуни? Сохиби пули зиёд, ки шуди ба манфиати давлату миллат истифода бари барака меёби.

Сохибкор, ту ки хасти, ки дар бораи Зайд Саид дар шакли чамъ, аз номи хамагон хукм мебарори?

судия
Сохибкор,
номард агар айбашро дони ба суд рав чи савсата мехони

Озодагон, ту муши, ки навиштачотро мехури? Ё шархи моро чоп намо ё гуй ки шарх нанависед! Aз дах чумла, як чумларо чоп намуди, шарм дор, беинсоф!

шорех
Пас агар у чинояткор буд медалу нишон барои чи медоданаш?

ба фабрикаи чавоб
Сохибкор,
Худо хору залилат кунад тухматгар! дар тули 2 сол натонистед як зарра гунохи Зайдро исбот кунед боз шарм надошта забони дароз доред!
магар БИО ПАПА худаш барои акли солим кофи нест?! аз Худо наметарсед? ё шумо мурдани нестед?
ин фабрикаи чавоб агар барои як харфи тухматат 1000 доллар хам дихад иншоаллох дар назди Худованд шумо ччавоб хохед гуфт!

пулодl
Ба сохибкор гуфтанам ки Зайд Саидов ба Точикистон танхо фоида овард ин барои баъзехзо нафорид

ОЗОДАГОН ТУ МУРГИ ЧИИИ!!!! ГАПОИ МОРА ЧОП НАМЕНИ

"Зайд Саидов шахсест, ки барои Хукумати Точикистон ва халки он зарари зиёде расонидааст. Бар зами ин бо худро дар содири чиноят гунахгор намехисобад. У ба гайр аз чиноятхои иктисоди боз дигар чиноятхоро содир кардааст, ки ин ба хамагон маълум аст." - бародарон хохарон хамин айби ба хамагон маълумро ба мо дехконон бо харфи точики ХОНО навишта дихед, вай чи гуна гунох будаст, ки хамагон медонистатанду МО не!

Ба гушу хуш шабе мунхийе нидо дар дод
Зи хазрати ахади лоиллоха иллаллох,
Ки:- Эй азиз, касеро,ки ХОРИ хаст насиб,
Якин бидон ,ки наёяд ба рузи мансабу чо!!
Ба оби ЗАМЗАМУ КАВСАР сафед натвон кард
Гилеми БАХТИ касеро, ки бофтанд СИЁХ !!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)