Боздошти як тоҷику 5 рус дар роҳ ба сӯи Сурия
Мақомоти пулиси Туркия аз боздошти 10 шаҳрванди хориҷӣ бо шумули як тоҷику 5 рус дар марзи ин кишвар бо Сурия хабар додааст.
Ба иттилои расонаҳои туркӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо сокинони Швейтсария, Косово, Сурия ва Русия дар шаҳри Ғазантеппа, воқеъ дар минтақаи ҷанубу шарқи Туркия ва ҳаммарз бо Сурия боздошт шудааст.
Расонаҳо мегӯянд, ин афрод, ки шоми 7 апрели соли равон дастгир гардидаанд, мехостанд, марзи Туркияро ба қасди Сурия убур кунанд. Манбаъ афзудааст, ки боздоштшудагон баъд аз поён ёфтани раванди тафтишот аз қаламрави Туркия ихроҷ карда мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 4 апрели соли равон пулиси Туркия аз боздошти ду тоҷик ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба қасди Сурия хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |