Имтиёзи парлумон ба Дирексияи сохтмони асосии дастгоҳу “Сирдарё”
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон якдилона лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонун “Дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2015”-ро қабул карданд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молия зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси он ба фармоишгар ва пудратчии сохтмони “Театри миллӣ” бархе имтиёзҳо дода мешавад. Аз ҷумла, онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида, андоз аз истифодаи нақлиёт ва аз супоридани боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид кардани техникаву таҷҳизот озоданд.
Муовини вазири молия иброз дошт, фармоишгари лоиҳаи сохтмони мазкур Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Сирдарё" ва пудратчии он Дирексияи сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи президент мебошанд. Ҷаноби Нуралиев гуфт, муҳлати сохмони “Театри миллӣ” 5 сол муқарар шуда, барои сохтмони он тақрибан 680 миллион сомонӣ равона мешавад: “Имсол дар ҳаҷми 56,2 миллион сомонӣ аллакай корҳо иҷро гардиданд, то ҳамин рӯз аллакай 260 миллион сомонӣ аз худ карда шуд”.
Ба қавли ӯ, бартарии ин лоиҳа дар он аст, ки дар давраи буҳрони молиявӣ барои таъмини шаҳрвандони кишвар ба ҷои кор бисёр таъсири ҷиддӣ мерасонад: “Зеро зиёда аз 50 фисади кормандоне, ки тибқи ин лоиҳа ба кор гирифта мешаванд, шаҳрвандони кишваранд, ба 1000 нафар ҷои корӣ нав таъмин карда мешавад. Дар вақти васлкунӣ 70 ба 30 мешавад, 70% шаҳрвадони хитой 30% шаҳрвадони Тоҷикистон. Вақте сохмон ба анҷом мерсад ғайр аз ҳунарпешаҳо ва кормандони дигари фарҳанг боз зиёда аз 300 нафар шаҳрванд ба ҷои кори нави доимӣ таъмин карда мешаванд”.
"Театри миллӣ" яке аз тарҳҳои бузурги Тоҷикистон гуфта мешавад, ки санги асоси онро рӯзи 17 марти соли равон дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гузошт. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, бинои "Театри миллӣ" дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост карда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6м буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур таъкид кардааст, ки “лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол бо омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй буда, бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |