Бахшҳо

Акси хонаводагии президенти Қазоқистон чӣ гуна “тоҷикӣ” шуд? (АКС)

Як акси хонаводагии Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар як филми украинӣ ҳамчун акси як муҳоҷири тоҷик муаррифӣ шудааст.

Дар яке аз лаҳзаҳои филми “Қалбҳои танҳо” (Одинокие сердца), ки соли 2013 наворбардорӣ шудааст, аксе намоиш дода мешавад, ки баъдан маълум шуда, сурати оилавии Назарбоевҳо аст. Дар филм муҳоҷири тоҷике гӯиё акси хонаводагияшонро назди духтаре мебарад, ки аз рӯи сурат фолбинӣ мекунад.
Муҳоҷир ба акс ишора карда мегӯяд: Бале, оилаи калон. Мо 11 нафарем, аммо инҷо ҳама нағунҷиданд. Ин хоҳари бузургам Фотима”. “Фотима” дар акси аслӣ Сара Назарбоева, ҳамсари раисиҷумҳури Қазоқистон аст, ки филмсозон ба он тағйирот ворид кардаанд.

“Аз ҳама хурдӣ Раҳим аст. Инаш хоҳарам Зулфия, ӯ ҳам инҷо кор мекунад”. Ин навбат қаҳрамони филм ба акси Дарига Назарбаева, духтари Назарбоев ишора мекунад.

Дар акси таҳриршудаи оилаи президент, ба ҷои Назарбоев сурати кадом як пирамард ва ба ҷои Роҳат Алиев, домоди собиқи ӯ, марди дигарро ҷой додаанд.

Баъди ошкор шудани он ки дар филми мазкур акси хонаводаи президенти Қазоқистон истифода шудааст, офарандагони сериол аз мардум ва ҳукумати Қазоқистон узр хостаанд. Онҳо гуфтаанд, ин иштибоҳ соли 2012, вақте як қисми маводи зарурӣ барои истифода дар филмбардорӣ гум шуд, аз интернет аксе ёфта ва онро таҳрир карданд. Ҳоло ваъда додаанд, ки масъулинро муҷозот хоҳанд кард.


Акси асл

Акси хонаводагии президенти Қазоқистон чӣ гуна “тоҷикӣ” шуд? (АКС)

Акси таҳриршуда
Акси хонаводагии президенти Қазоқистон чӣ гуна “тоҷикӣ” шуд? (АКС)
Мӯҳр
ссухроб
хтимол азарбоев точик хам бошад зеро ному насабаш соф точикист

в
ссухроб,

Рост гуфти. Ай бачахои боло мешава.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)