Эрон узви созмони ҳамкориҳои Шанхай мешавад
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории ҳукуматии кишвараш – “Русияи имрӯз” гуфтааст, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай мумкин аст масъалаи пазириши Эронро ба ин созмон барои бозбинӣ тавсия бикунанд.
“Вобаста ба он ки ҷузъиёти тавофуқшуда бо Эрон чӣ гуна роҳандозӣ мешавад ва агар ҳеч норасоие иттифоқ науфтад ва агар мо бубинем, ки шартҳо комилан ба забони амалии тавофуқҳо татбиқ шудаанд, шахсан ман, -албатта, ман то ҳанӯз бо ҳамкорони худ дар СҲШ машварат накардаам,-аммо мо вазирони корҳои хориҷӣ, комилан метавонем ба сарони кишварҳо ва раисони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ тавсия бидиҳем, ки асноди марбут ба Эронро бознигарӣ бикунанд”,- изҳор доштааст Лавров.
Лавров ҳамчунин вобаста ба дурнамои вуруди Эрони баъди таҳримҳо ба СҲШ ишора карда гуфтааст, ин масъала “хуб” ба назар мерасад.
Эрон бо шашгонаи кишварҳои абарқудрати дунё 2 апрел ба тавофуқ расид, ки аз се ду ҳиссаи ғанисозии ураниюмро ба муддати 10 сол мутаваққиф мекунад. Ҳамчунин Теҳрон муваззаф шудааст, тамоми барномаҳои худро вобаста ба ғанисозии ураниюм ба муддати 25 сол зери назорати байналмилалӣ қарор бидиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |