Қаноатмандии Аслову Лавров аз сатҳи равобити кунунии Душанбею Маскав
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо ҳамтои русаш - Сергей Лавров дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ҷонибҳо дар ин вохурӣ рӯзи 2 апрел масоили вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ карда, аз сатҳи равобити кунунии Душанбеву Маскав ибрози қаноатмандӣ ва ба рушду густариши он таъкид кардаанд.
Инчунин дар ин мулоқот масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ муҳокима шуда, аҳамияти амалиёти муташаккилона ва ҳамоҳангшудаи Тоҷикистону Русия дар таъмини амнияту суботи минтақа зарур хонда шудааст.
Дар охир аз ҷониби вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар имзо шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |