Бахшҳо
19 мар 2015 14:12Ҳуқуқи инсон

12 соли зиндони сокини шаҳри Кулоб барои паҳни равияи «Таблиғ» дармасҷидҳо

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини шаҳри Кулоб вилояти Хатлонро бо гуноҳи дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ, ғайриқонунӣ гирифта гаштани яроқ 12 соли зиндон дар коллонияи ислоҳии дорои низомаш пӯрзур маҳрум кард.


Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Амрохон Эргашови 41 соларо бо се модда бо моддаи 3073 қисми 2,( Ташкили фаъолияи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)), бо моддаи 187 қисми 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)), бо моддаи 195 қисми 3 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифтани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воститаҳои таркиш) КҶ ҶТ,- гунаҳкор эътироф гардида, бо назардошти мавриди афв қарор гирифтан, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам карда мешавад.

Зимни қироати ҳукм судя Раҷабзода Ҳотам қайд кард, Амрохон Эргашови соли 2005 дар «Ҷамъияти таблиғ»-и шаҳри Райванди Давлати Исломии Покистон таълимоти динии равияи «Таблиғ»-ро омӯхта бо мақсади паҳн намудани ин таълимот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта ва дар масҷидҳои шаҳрҳои Кулоб ва Душанбе ба шаҳрвандон Фаёзов Бахтиёр Хайруллоевич, Юсуф, Билол, Сафар ва дигар шаҳрвандони шахсияташон номаълум ва дар байни омма таълимоти динии равияи манъшударо паҳн намуда барои шомил шудан ба ин ҷамъият даъват намудааст. Бо қарори Суди Олии Тоҷикистон «Ҷамъияти таблиғ» ҷамъияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф карда шуда, фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ғайр аз ин, ӯ соли 2009 бо мақсади иштирок намудан дар амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили сохти констутсионии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Дарвоз ва Тавилдара яроқи оташфишони автомати «Калашников» ва лавозимотҳои ҷангиро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, бо худ нигоҳ дошта, интиқол дода, гирифта гашта, ба иттиҳоди ҷиноятӣ ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гуруҳҳои муташаккили Раҳимов А. ва Азизов Н.С., ки ин иттиҳоди ҷиноятиро бо мақсади бо роҳи эълон намудани ҷиҳод ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби собиқ тарафдорони қувваҳои мухолифин созмон додаанд, шомил шуда, ба муқобили сохти констутсионии Тоҷикистон ҷангидааст. Пас аз ин аз соли 2009 то инҷониб ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон рафта, дар он ҷо паноҳ бурда, истиқомат карда, миёнаҳои моҳи ноябри соли 2014 аз ҷониби мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон хориҷ (депортатсия) карда шудааст.

Гарчанде, ки судшаванда Эргашов Амрохон дар содир намудани ҷиноят худашро қисман гунаҳгор ҳисоб намояд ҳам гуноҳи ӯ бо нишондоди шоҳидон Фаёзов Б., Саидова Б.,ва Шафиева М.Ҳ., ки дар мурофиаи судӣ нишондод доданд инчунин шоҳидоне, ки дар рафти пешбарди тафтиши пешаки нишондод доданд Азизов Ҳ.Ф., Азизов З.С., ва Абдусамадов Б.А., ба ғайр аз боз бо дигар маводҳои парванда аз ҷумла, ҳукми суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 –уми ноябри соли 2010, нисбати Азизов Ҳ.Ф. ва дигарон, ҷамъ 46 нафар, ки мувофиқи он ба парвандаи ҷиноятӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда оиди ҳолатҳои муқараргардида ва ҷиноятҳои содирнамудаи айбдоршаванда Эргашов А.Қ. мавҷуд мебошад. (в.к.77-152), протоколи нишондиҳи аз руи сурат аз санаи 19-уми декабри соли 2014, ки мувофиқи он ҳангоми нишондиҳии суратҳо барои шинохтан шоҳид Азизов Ҳимкматулло Саъдуллоевич, айбдоршаванда Эргашов Амрохон шинохт ва дигар маводҳои парванда, ки аз ҷониби суд мавриди тақиқ ва муҳокима қарор дода шудааст ба пурраги исботи худро ёфтааст.

Бино ба иттилои Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон айни замон дар макотиби олии исломии кишварҳои хориҷӣ ҳамагӣ 158 нафар донишҷӯёни тоҷик боқӣ мондаанд. «Донишҷӯёне, ки ба ватан баргардонида шуданд, дар муассисаҳои таълимоти динии кишварҳои Эрон, Арабистони Саудӣ, Либия, Миср ва Покистон таҳсили илм мекарданд.

Кумита бо Вазорати корҳои дохилӣ дар ин самт ҳамкорӣ дорад, то ки ҷавононро аз донишгоҳҳои хориҷӣ ба ватан баргардонад. «Ҳамин тариқ, бо супориши президент аз соли 2010 то ба имрӯз ба ҳукумати ҷумҳурӣ муясссар гардид, ки аз 3054 нафар донишҷӯёни тоҷики дар кишварҳои хориҷӣ бо ихтисосҳои динӣ таҳсилдошта 2896 нафарашонро ба ватан баргардонад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)